Дар маркази шаҳри Шекии Озарбойҷон хирс пайдо шуд

Дар маркази шаҳри Шекии Озарбойҷон хирс пайдо шуд

Якчанд сокини шаҳри Шеки дар кӯча сайругашти хирсро дида, ҳайрон шуданд, ки ҳайвон аз куҷо омад? Хирс соати 4-и субҳ дар кӯча сайругашт мекард. Дар ин вақт дар кӯча одам намешавад. Ба ҷойи воқеа ба зудӣ аз Боку мутахассисон омада расида, бо мушкилӣ хирсро дошта (бо ёрии доруи хоб) ба мошини боркаш бор карданд. Хирсро ба Маркази даво ва реабилитатсияи ҳайвонҳои ёбоии Олтиоғоч бурданд. Ҳоло аҳволи хирс хуб аст. Айни замон чораҳои ба бешазор баргардондани хирс дида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ