Дар як ҳафта аз 4 кишвар ӯзбекистониён тавассути 9 парвози чартерӣ ба Тошканд оварда мешавад

Ҳамин ҳафта ӯзбекистониёне, ки дар мамлакатҳои Туркия, Федератсияи Россия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурияти Мисри Араб зиндагӣ доштанд, бо 9 парвози чартерии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ба Тошканд оварда мешавад.
Хизмати матбуоти Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон дар бораи парвозҳои чартерӣ аз 1 то 7 июн маълумот дод.

Ҷадвали парвозҳои чартерӣ барои 1-7 июн ба нақша гирифта шудааст:

1 июн. Тошканд — Истанбул — Тошканд
2 июн. Тошканд — Москва — Тошканд
3 июн. Тошканд — Шарҷа — Тошканд
3 июн. Тошканд — Москва — Тошканд
4 июн. Тошканд — Санкт-Петербург — Тошканд
5 июн. Тошканд — Москва — Тошканд
6 июн. Қоҳира — Тошканд — Қоҳира
6 июн. Тошканд — Новосибирск — Тошканд
7 июн. Тошканд — Санкт-Петербург — Тошканд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ