Рубрикаи нав: “Аз таърихи пайдоиши ибораҳои обдору иқтибосҳо» Бачаҳо – гулҳои замин

Рубрикаи нав: “Аз таърихи пайдоиши ибораҳои обдору иқтибосҳо» Бачаҳо – гулҳои замин


Баъзе ибораву иқтибосҳои обдор ва ё ҳикматҳои шиормонандро на танҳо мо, балки бисёр мардуми рӯйи ҷаҳон ба забон меоранд, вале аксарият намедонад, ки таърихи пайдошавии онҳо чӣ хел сурат гирифтааст ва ё он ба кӣ тааллуқ дорад. Тақиқгари рус Константин Василевич Душенко китобе таълиф кардааст, ки “Луғати рӯйимизаи иқтибосҳо” ном дорад ва он 3750 иқтибосҳои машҳур ва ҳикматҳоро фаро мегирад, ки дар гуфтугӯи имрӯзаи мо фаровон истифода мешаванд.
Имрӯз, ки 1-уми июн — Рӯзи байналхалқи муҳофизати бачаҳост, аз ҷумла мегӯянд: Бачаҳо – гулҳои замин
Он дар шакли “Бачаҳо – гулҳои зиндаи замин” дар ҳикояи адиби маъруфи рус Максим Горкий “Одамони собиқ” оварда шудааст. Онро муаллиф соли 1897 эҷод намудааст.
Ин ҳикмати сайёр дар асри XIX хеле маъмул буд. Ҳоло ҳам онро ба шаклҳои гуногун, аз ҷумла, «бачаҳо – гулҳои ҳаёт» низ истифода мебаранд.
Таҳияи Бахтиёри ҶУМЪА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ