Дар бартарафсозии талафоти обхезии Сардоба иштироки чанд нафар ҳарбӣ маълум кунонида шуд

Дар бартарафсозии талафоти обхезии Сардоба иштироки чанд нафар ҳарбӣ маълум кунонида шуд

Дар бартарафсозии талафоти обхезии Сардоба 8965 нафар ҳарбиро ҷалб кардаанд. Маълумотро дар ин бора дар штаби назди Агентии коммуникатсияҳои ахборот ва оммавӣ котиби матбуоти Вазорати мудофиа Баҳром Зулфиқоров пешкаш кард. Вай таъкид намуд, ки дар бартарафсозии обхезӣ корҳои зерин иҷро гардидааст: — топографҳои ҳарбӣ дар ҳудудҳои зарарёфта беш аз 20 навъ харита ва қариб 100 аэрофотоаксҳоро тайёр кардаанд; — дар 5 нуқтаи аҳолинишин партовҳои сохтмонӣ, қабатҳои лойи 1753 хонадон бароварда шудааст, барои ин кор 8965 нафар ҳарбиро ҷалб кардаанд; — аз оғози мавсим 6111 сар ҳайвони нобудшуда дар 8 қабристони ҳайвонҳо гӯронда шудааст; — дар 13 нуқтаи аҳолинишин корҳои тозакунӣ пурра ба охир расонда шудааст; — аз оғози мавсим дар 42183 объект, 18 миллион метри мураббаъ корҳои дезинфексия амалӣ гардидааст; — бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ аз рӯйи аниқкунии бемориҳои сирояткунанда қариб 200 таҳлилҳои лабораторӣ гузаронданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ