Дар муноқишаи марзи Ӯзбекистону Қирғизистон 187 шаҳрванд захмдор гардиданд

Рӯзи 31-уми май дар байни аҳолии деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯхт вилояти Фарғона ва як деҳаи ноҳияи Қадамҷойи вилояти Боткени Қирғизистон муноқиша ба амал омад. Дар бархӯрдҳо 187 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора котиби матбуоти ҳокимияти ноҳияи Сӯх хабар медиҳад.
Назар ба маълумотҳо рӯзи 1-уми июн тавассути хизмати санавиатсия 15 нафар бемор ба маркази вилоят оварда шудаанд.
«187 беморони маҷрӯҳ, ки дар натиҷаи ин ҷанҷол захмдор шудаанд, дар беморхонаи марказии ноҳиявӣ табобат мегиранд.
Имрӯз 15 нафар беморон тавассути хизмати санавиатсия ба маркази вилоят интиқол дода шуданд», гуфта мешавад дар ахбороти ҳокимияти ноҳия.
Имрӯз сарвазири мамлакат Абдулла Арипов сафари худро ба Сӯх бо боздид аз беморхона оғоз кард ва аз вазъи саломатии беморону захмиён хабар гирифт.
Барои интиқол додани беморони аҳволашон вазнин ба шифохонаи марказии вилоят хизмати санавиатсия сафарбар карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ