Сохтори статистика аз ҷониби Президент сахт танқид гардид

Сохтори статистика аз ҷониби Президент сахт танқид гардид

Танҳо 2 фоизи ходимони статистика аз рӯйи соҳа соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Дар давоми 30 сол танҳо 1 нафар доктори фан, 11 нафар номзади фан кори илмӣ дифоъ намуданд. Дар ин бора Президент Шавкат Мирзиёев рӯзи 1-уми май дар ҷамъомади аз рӯйи чораву тадбирҳои такмили соҳаи статистикаи миллӣ гузаронидашуда маълум кард. Қайд гардидааст, ки дар базаҳои маълумоти ҷаҳон индикаторҳои соҳаи Ӯзбекистон пурра акс нашудааст. Ба мутасаддиён аз рӯйи соҳаҳои мисли меҳнат, энергетика, хоҷагии қишлоқ, таълим супоришҳо дар бобати пурра акс намудани нишондодҳои мамлакат дар базаҳои байналмилалӣ дода шуд. Нимаи маълумотҳои назорати статистикӣ дар шакли коғаз ҷамъоварӣ мешаванд. Дар таҳлили онҳо аз таъминоти барномавии 20 сол пеш ҷоригашта фоида бурда мешавад. Бо воситаи дар байни идораҳои андоз ва статистика ба роҳ мондани ивазнамоии ахбороти автоматикунонидашуда хароҷотҳои ҳисобкунии инфлятсияро кӯтоҳ кардан мумкин. Фаъолияти соҳавии Бонки марказӣ, вазорати молия ва идораҳои ҳимоякунандаи ҳуқуқ мувофиқат кунонида намешавад. Дар асл бошад, 40 фоизи нишондодҳои статистикӣ аз ҷониби идораҳо шаклонида мешавад. Такмил додани тайёркунии кадрҳо ва ривоҷдиҳии фани статистика, дар соҳа аз нав дида баромадани додани ҳаққи кор зарур аст. Дар ҷамъомад тақдимоти стратегияи ривоҷи сохтори статистика якҷоя бо экспертҳои Бонки ҷаҳонӣ гузаронида шуд. Роҳбари давлат аз рӯйи такмилдиҳии соҳа нишондодҳо дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ