Бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ва Кумитаи рушди туризми Ӯзбекистон видеоконфронс баргузор гардид. Дар он…

Бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ва Кумитаи рушди туризми Ӯзбекистон видеоконфронс баргузор гардид. Дар он…

Масъалаҳои паст намудани шиддати таъсири коронавируси нави COVID-19 ба соҳаи сайёҳӣ ва роҳҳои барқарорсозии соҳа 1-уми июн зимни видеоконфронс дар мавзӯи Консепсияи «Рӯ ба барқарорсозӣ», ки бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ва Кумитаи рушди сайёҳии Ӯзбекистон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат хабар медиҳад.
Дар кори видеоконфронс мутасаддиёни соҳаи туризми кишварҳои Озарбойҷон, Грузия, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон, Россия, Туркманистон иштирок карданд.
Зикр гардид, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати паст намудани шиддати таъсири COVID-19 ба соҳа пайваста бо ширкатҳои сайёҳӣ кор бурда истодааст. Инчунин тадбирҳо барои рушди сайёҳии дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ идома доранд.
Дар видеоконфронс Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, роҳбарони сохторҳои сайёҳии ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Туркманистон ва Федератсияи Россия дар масъалаҳои паст намудани шиддати таъсири COVID-19 ба соҳаи сайёҳӣ, роҳҳои барқарорсозии соҳа баъди коронавируси нав, Консепсияи «Рӯ ба барқарорсозӣ», таҳлили ҳолат дар кишварҳои ҳамҷавор, ҳамкории байни сохтори марбутаи давлатҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва нақшаи чорабиниҳои муштарак табодули афкор намуданд.
Ҷониби Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Беларус зикр намуданд, ки дар наздиктарин фурсат сарҳадҳои худро барои сайёҳон боз мекунанд ва сабукиҳо барои рушди соҳа ҷорӣ менамоянд. Барои таъмини саломатии сайёҳон дар сарҳадҳо долонҳои амниятӣ ташкил карда шуда, сайёҳон пас аз гузаронидани корҳои профилактикӣ ба кишвар ворид мегарданд.
Таъкид гардид, ки дар мамлакати мо барои нафароне, ки бори аввал дар соҳаи сайёҳӣ фаъолиятро шурӯъ мекунанд, (стартапҳо) имтиёзпулиҳо аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мегарданд.
Ҷонибҳо ташкили хатсайрҳои фосилавӣ (виртуалӣ)-ро тақозои замон ва саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз доштанд, ки барои рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар кишварҳои ҳамҷавор ташкили махзани ягонаи сайёҳӣ дар фазои маҷозӣ ва хатсайрҳои алоҳидаю муштараки фосилавӣ (виртуалӣ) муҳим мебошад.
Дар фарҷом тарафҳо барои ҳамкории судманд бобати пешбурди соҳаи сайёҳӣ ба тавофуқ расиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ