Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои кӯдакони ятими кишвар ҳар моҳ 100$ кумакпулӣ медиҳад

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои кӯдакони ятими кишвар ҳар моҳ 100$ кумакпулӣ медиҳад

  • Post category:Ҷаҳон


Дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои 500 нафар кӯдакони ятим кумакпулии ҳармоҳа таъин карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази Шоҳ Салмон оид ба имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз 4-уми феврали соли 2020 нисбат ба як нафар ятим дар як моҳ 100 доллари ИМА, бо дарназардошти қурби асъори миллӣ дар рӯзи пардохт, кумакпулӣ муқаррар карда шудааст.
Муҳлати фаъолияти лоиҳа тибқи созиши ҷонибҳо як солро дар бар мегирад.
Бино ба иттилои манбаъ, мутобиқи санади баимзорасида миёни ҷонибҳо 500 нафар ятиме, ки дар хона зери тарбияи хешовандони наздик ба тарбия фаро гирифта шудаанд, аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Бохтар, Кушониён, Вахш, Левакант, А. Ҷомӣ, Шаҳритуз, Норак, Ёвон, Дустӣ, Хуросон, Ҷ. Балхӣ, Панҷ, Қубодиён ва Ҷайҳун дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикргардида интихоб карда шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ