Усули навм табобати коронавирус — ба воситаи нурҳои ултрабунафш тоза кардани шушҳо

Усули навм табобати коронавирус — ба воситаи нурҳои ултрабунафш тоза кардани шушҳо

Мутухассисони Институти физикӣ-энергетикии Лейпунский (яке аз марказҳои пешрави илмии давлатии ширкати «Росатом») усули ҷолиберо дар табобати коронавирус эҷод карданд — яъне ба воситаи нурҳои ултрабунафш тоза кардани шушҳо. Дар ин бора дар мусоҳиба бо нашрияи расмии соҳаи атомии Россия — рӯзномаи «Страна Росатом», директори ИФЭ Андрей Говердовский изҳори ақида намудааст, хабар медиҳад «Известия».
Ӯ мегӯяд, ки олимон ин лоиҳаро  алҳол «Гази нурафкан» номидаанд. Қаблан ба касе муяссар нагардида буд, ки ба воситаи нурҳои ултрабунафш дохили ҷисми инсонро тамиз кунад, вале мутахассисони института тавонистанд роҳи ҳалли онро пайдо кунанд, менависад «РИА Новости».
Говердовский изҳор намуд, ки олимон молекулаҳо ва ҷузъҳои газеро интихоб менамоянд, ки вақти нафаскашӣ фаъол бошанд ва ҳангоми нафас гирифтан нурҳои ултрабунафшро бевосита ба шуш равона созанд. Директор ҳамчунин изҳори умед намуд, ки усули нав имкон медиҳад на танҳо COVID-19, балки бемориҳои сили шуш, саратони шуш ва бемориҳои дигар низ табобат ёбанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ