Дар ҳудудҳои тоифаи «сабз» ва «зард» сайёҳии дохилӣ дубора ба роҳ монда шуд

Дар ҳудудҳои тоифаи «сабз» ва «зард» сайёҳии дохилӣ дубора ба роҳ монда шуд

Бо мақсади дастгирии соҳаи сайёҳӣ ва ба он алоқаманд, ки бештар аз пандемияи коронавирус зарар дидаанд ва таъсири манфӣ мебинанд, нигоҳ доштани садҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ва мутахассисони баландихтисос, нигоҳдории даромади онҳо, инчунин барқарорсозии босуръати туризм ба андозаи беҳ шудани ҳолати санитарию эпидемиологии кишвар Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои таъхирнопазири дастгирии соҳаи сайёҳӣ барои коҳиш додани таъсири манфии пандемияи коронавирус» имзо гардид.
Мувофиқи фармон:

Аз 1-уми июни соли 2020 бо риояи қатъии меъёрҳои санитарӣ ва гигиенӣ дар ҳудудҳои тоифаи «сабз» ва «зард» сайёҳии дохилӣ дубора ба кор андохта мешавад ва ташкилотҳои марбута (операторони сайёҳӣ, агентиҳои сайёҳӣ, воситаҳои ҷойгиркунӣ, объектҳои фарҳангӣ, мероси фарҳангӣ ва ғайра) ба фаъолият сар мекунанд.
Туризми дохилӣ бо муайян намудани номгӯйи мамлакатҳое, ки ба шаҳрвандонашон барои воришавӣ ба Ӯзбекистон рухсат дода мешавад, аз нав зина ба зина, барқарор карда мешавад.
Барои операторони сайёҳӣ, агентиҳои сайёҳӣ, инчунин, воситаҳои ҷойгиркунӣ (меҳмонхонаҳо, хонаҳои истироҳатӣ ва ғайра):
аз 1-уми июн то 31-уми декабри соли 2020 меъёри андози даромад ба андозаи 50 фоизи меъёрҳои муқарраршуда кам карда мешавад;
ҳуқуқи интиқоли зарар аз рӯйи натиҷаҳои солҳои 2020 ва 2021 бидуни маҳдудияти андозаҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дода мешавад;
то 1-уми январи соли 2021 ҳисобкунӣ ва пардохти боҷи туристӣ (меҳмонхона) боздошта мешавад.
Ба воситаҳои ҷойгиркунӣ ҳуқуқ барои таъхири бефоиза (мӯҳлатдиҳӣ) пардохти боҷи маҳаллӣ барои ҳуқуқи амалӣ гардондани савдои чаканаи маҳсулоти спиртдор ба муҳлати то 1-уми январи соли 2021 бо огоҳ намудани хизмати андози давлатӣ ва пардохти минбаъдаи он бо ҳиссаи баробар дар давоми 12 моҳ дода шавад.
Аз 1-уми июн то 31-уми декабри соли 2020 дар шакли пешниҳоди якбораи қарзи мақсадноки бефоиза ба мӯҳлати 12 моҳ, тибқи меъёрҳои муқарраркардаи Комиссияи ҷумҳуриявии зиддибӯҳронӣ:
тавассути қисман маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳои стартапӣ ва тиҷорат-­ғояҳои инноватсионӣ дар соҳаи туризм, аз ҷумла барномаҳои иттилоотӣ ва хидматҳо Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба миқдори умумии 1,5 миллиард сӯм нигаронда шудаанд, ёрии иловагӣ расонида мешавад.
ба воситаҳои ҷойгиркунӣ – ба андозаи панҷ баробари андозаи ҳисобкунии базавии ҳар як кат;
Дар давраи аз 1-уми июни соли 2020 то 31-уми декабри соли 2021
ба туроператорҳо – ба андозаи на зиёда аз се баробари фонди музди миёнаи меҳнат барои соли 2019;
ба ташаббускорони лоиҳаҳо барои дар ҳудудҳои ҷумҳурият (ба истиснои шаҳри Тошканд) ташкил намудани нуқтаҳои махсуси савдои озуқаворӣ, ки барои таомҳои хориҷӣ ё ки самти алоҳида, инчунин расондани хизмат оид ба расонда додани таом ва озуқаворӣ, инчунин расондани савғотиҳо ба андозаи 30 фоизи арзиши лоиҳа, вале на зиёда аз 100 миллион сӯм барои ҳар як лоиҳа грантҳо ҷудо карда мешавад;
барои коркард ва тарғиби маҳсулоти нав ва хатсайрҳо ба гидҳо ба маблағи 5 миллион сӯм, ба туроператорҳо – 10 миллион сӯм ёрии иловагӣ расонида мешавад.
Дар асоси фармон таълими ҳамаи шунавандагоне, ки барои таҳсил дар соли 2020 ба техникумҳо ва коллеҷҳо, ки дар ихтиёри Кумитаи давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ мебошад, қабул шудаанд, ба таври истисно дар асоси гранти давлатӣ амалӣ гардонда мешаванд.
Аз 1-уми октябри соли 2020 пардохти қарзи асосӣ аз рӯи қарзҳои қаблан аз бонкҳои тиҷоратӣ барои сохтмони воситаҳои ҷойгиркунӣ додашуда ба мӯҳлати аз 18 то 24 моҳ дароз карда мешавад.
То 1-уми январи соли 2022 шахсони ҳуқуқӣ аз супурдани пардохтҳои гумрукӣ (ба истиснои боҷҳо барои расмигардонии гумрукӣ ва андози арзиши иловагӣ) барои таҷҳизот, техника, ҷузъҳои он ва қисмҳои эҳтиётии онҳо барои безараргардонӣ, ки ба қаламрави Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ворид карда мешаванд ва таҷҳизоти (эҳсосӣ) бидуни тамос идорашаванда барои сохтмон, таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва иншоот, инчунин воситаҳои тозакунандаи бе бӯй аз рӯи рӯйхатҳое, ки бо тартиби муқарраршуда ташаккул меёбанд, озод карда мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ