Ин мушкилиҳо мегузаранд…

Қариб се моҳ мешавад, ки ҳама пиру ҷавон дар таътили карантинӣ қарор дорем. Дар аввал, таътили карантинӣ ҳамаро ба ташвишу таҳлука афтонд. Ҳама аз вазъияти ногаҳонӣ, чӣ карданашонро надониста, худро чун мурғи посӯхта ба чор тараф заданд. Ҳатто аз саросемагиву ба воҳима афтодан, нафароне ёфт шуданд, ки озуқаи ду – семоҳаи худро ҷамъ намуданд. Аммо бо гузашти вақт ва корҳои тарғиботиву ташвиқотии мутасаддиён оҳиста-­оҳиста вазъият ором гардид. Инак, имрӯзҳо дар дили ҳама хотирҷамъӣ ҳукмрон, гӯё ба ин вазъият одат кардаанд. Зеро, ҳама фаҳмиданд, ки пеш аз ҳама саломативу хотирҷамъии халқ дар мадди аввал асту ояндаи мо зери назорати қатъии Президенти кишвар қарор дорад. Кормандони соҳаи тиб баҳри пешгириву муолиҷаи беморон камарбаста гардида, рӯзу шаб дар хизмати халқ мебошанд.
Мо бо чанд нафар соҳибони касбҳои гуногун ба воситаи телефон дар бораи таъсири карантин ба ҳаёти шахсии онҳо ҳамсӯҳбат шудем.
Севара ҲАМИДОВА, кадбону, сокини маҳаллаи Чордараи шаҳри Самарқанд:
– Ман худ бидуни карантин ҳам дар хона бо тарбияи фарзандон машғул будам. Вақтам бо шусту шӯй, пухту паз ва корҳои дигари рӯзгор мегузашт. Дар карантин ҳам ҳамин тавр мегузарад. Аммо аз ин пеш, ки хурду калони аъзоёни оила бо кори худ берун мерафтанд, дар хона танҳо бо кӯдакам мемондем. Ҳоло бошад, ҳама дар хона. Албатта, карантинро хуб гуфта наметавонам, лекин, гӯё меҳру муҳаббати моро нисбати аъзоёни оила боз ҳам зиёдтар намуд. Масалан, шавҳарам ҳамарӯза аз саҳар то шом бо кори ҷисмонӣ машғул мешуданду бегоҳӣ монда шуда меомаданд. Пас аз хӯроки шом, хоб мекарданд. Рӯзашон ҳамин тавр мегузашт. Рӯзи истироҳат надоштанд. Бинобар ин, ҳатто ба фарзандамон низ вақт ҷудо намекарданд. Ҳоло бошад, вақташон бо мо мегузарад. Бо вуҷуди ин, зудтар тамом шудани карантин ва паси сар шудани ин гуна бемориҳоро мехоҳам. Илоҳо, ҳама сиҳату саломат бошем.
Парвиз ТӮРАҚУЛОВ, ходими савдо,
сокини шаҳри Самарқанд:
– Қариб 15 сол боз дар соҳаи савдо фаъолият мебарам. Рӯзам дар кӯча мегузашт. Гӯё дар хона ба иҷора менишастам. Баъзан, ҳаттоки ба тӯю маъракаҳои хешовандон вақт намеёфтам. Ҳоло дар карантин хонанишин шуда мондам. Рӯзҳои гузаштаамро бо пушаймонӣ ба хотир меорам. Чӣ хел вақтҳои хуш будаасту ман онро танҳо барои ҷамънамоии пулу чизу чора гузарондам. Он вақт барои аз аҳволи падару модари пирам хабар гирифтан, аз сӯҳбату насиҳатҳо ва дуои онҳо баҳрабар гардидан, бо фарзандонам истироҳат намудан имконият доштам. Аммо ман инҳоро дуюмдараҷа ҳисобида, ҳамеша ба қафо партофтам. Ваҳоланки ҳар дам ғанимат будааст. Ҳоло худ дар хона нишаста, ба дидори падару модарам дилам гум мезанад, мехоҳам ҳамроҳи фарзандонам ба боғҳои истироҳатӣ равам. Бо вуҷуди он, ҳар рӯз дуо мекунам, ки зудтар карантин хотима ёбаду боз ба ҳаёти осудаву ором баргардем. Зеро, карантин ба вазъи иқтисодӣ таъсиргузор аст.
Назокат МАҶИДОВА, омӯзгор, сокини деҳаи Зарафшони ноҳияи Тайлоқ:
– Албатта, карантин на танҳо ба ҳаёти ман, балки ба ҳаёти аҳли башар таъсир расонид. Ба фикрам, ин як санҷиши Парвардигор аст. Зеро, ба ин баҳона ҳама умри гузаштаи худро сарҳисоб кард. Солҳои охир, ҳама ба молу дунё ҳирс монда, аз якдигар дур шуда будем. Агар дар мисоли оилаи худамон гӯям, меҳру муҳаббат дучанд гардида, ба воситаи телефон бошад, ҳам аз аҳволи ёру дӯстон хабардор мешавем. Бо ин, карантинро хуб гуфтанӣ нестам, аммо гӯё моро аз хоби ғафлат бедор кард. Мехостам, ин рӯзҳо зудтар паси сар шаваду меҳру оқибати мо аз ин ҳам мустаҳкам гардад. Ғайр аз ин, карантин хотима ёбаду ҳама кору фаъолияти худро давом диҳад.
Замира ПӮЛОДОВА, нафақахӯр, сокини шаҳраки Гулободи ноҳияи Самарқанд:
– Гӯё ба сари инсоният балои азиме омад. Ҳар гоҳ, ки тавассути оинаи нилгун вазъияти имрӯзаи ҷаҳонро мебинам, хеле ноорому дилгир мешавам. Даст ба дуо мебардорам, ки Худои меҳрубон ҳамаи моро дар паноҳаш нигоҳ дорад. Ба чашмони беғубори наберагонам нигоҳ карда, ҳаёти фаровон ато карданашро мепурсам. Боварӣ дорам, ки рӯзҳои наздик ҳамаи ин мушкилиҳоро паси сар мекунему ба рӯзҳои нек мерасем.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ