Ман, ту, вай… Коронавирусро чӣ хел мағлуб мекунем?

Ман, ту, вай… Коронавирусро чӣ хел мағлуб мекунем?

  • Post category:Саломатӣ

«Ҳар яки мо бояд ба қоидаҳои карантин, санитария ва гигиена қатъиян риоя кунем ва дар хотир дошта бошем, ки мо барои саломатии худ, наздикон ва мардуми худ масъулем.»

Шавкат МИРЗИЁЕВ.

Имрӯзҳо ба куҷое наравем, бо касе сӯҳбат накунем, танҳо шоҳиди баррасии як мавзӯъ ва масъала – коронавирус мегардем. Мавзӯи асосии барномаҳои телевизионӣ, гуфторҳои радио, мақолаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои интернетӣ низ пандемияи коронавирус мебошад.
Тӯли чанд моҳи охир кишварҳои ҷаҳон бо ин бемории хатарноки сироятӣ мубориза мебаранд ва барои пешгирии он чорабиниҳои заруриро меандешанд. Аҷаб дар он аст, ки зарраҳои хурди ба чашм ноаён тавонист миллиардҳо одамони рӯйи дунёро ба ташвиш гузорад. Барои сокинони сайёра мушкилоти вазнин эҷод намояд. Онҳоро ба ҳушёру огоҳ будан даъват кунад…

Вазъият дар мамлакат

Мутаассифона, моҳи марти соли ҷорӣ дар мамлакати мо низ аввалин ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд ва беш аз ду моҳ ин ҷониб қисми асосии аҳолӣ хонашин ва дар шаҳру ноҳияҳо қоидаҳои карантин пурзӯр аст. Имрӯз Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи шумораи гирифторони коронавирус дар ҷойи нӯҳум қарор дорад. Бино ба ҳолати 2-юми июни соли ҷорӣ, соати 17:00 дар мамлакат 3750 ҳолати сирояти коронавирус аниқ гардида, аз онҳо 2908 нафар (61 фоиз) шифо ёфтанд ва ба хонаҳои худ ҷавоб гардиданд. То имрӯз дар мамлакат 15 ҳолати вафоти шаҳрвандон қайд карда шуд. Дар ҳоли ҳозир 827 бемор дар беморхонаҳо табобат мегиранд.

Паёмадҳои нохуш

Коронавирусро метавон яке аз вабоҳои аср номид. Зеро ҳоло аз таъсири ин бемории марговар ба тамоми кишварҳо бӯҳрони иқтисодӣ таҳдид мекунад.
Вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии бемории коронавирус Созмони Милали Муттаҳид як таҳлили иқтисодиеро омода намуд ва дар он «бӯҳрони бадтарини башардӯстона пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон» муаррифӣ кард.
Бино ба маълумоти ин ташкилот, то охири соли 2020 дар миқёси ҷаҳон 265 миллион нафар норасоии маводи хӯрок­вориро эҳсос хоҳанд кард.
Ба 130 миллион сокини кишварҳои гуногун, ки асосан дар қитъаи Африка зиндагӣ мекунанд, гуруснагӣ таҳдид мекунад.
Ҷонишини роҳбари кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҳамоҳангсози масъалаҳои кӯмаки башардӯс­тона Марк Лоукок дар яке аз баромадҳои худ таъкид кард, ки агар ба кишварҳои камбизоат дар ҳаҷми 90 миллиард доллари амрикоӣ кӯмак расонда нашавад, оламро низоъҳои ҷангӣ, гуруснагӣ, камбизотӣ ва харобию бесарусомонӣ фаро мегирад.
Инчунин, Президенти Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Мэл­пас пешгӯӣ мекунад, ки аз таъсири коронавирус бӯҳрони иқтисодӣ ба миён омада, дар натиҷа, 60 миллион нафар аҳолии ҷаҳон камбизоат мешаванд. Раиси Сандуқи Байналмилалии Пул Кристалина Георгиева мардумро аз бӯҳрони бузурги иқтисодӣ ҳушдор дода, таъкид мекунад, ки агар дар нимаи дуввуми сол гирифторони коронавирус кам шаванд, чорабиниҳои пешгирии он низ қадам ба қадам кам шуда, иқтисод дубора ба ҳаракат медарояд. Вагарна, вазъият ранги дигар мегирад.

Ин як санҷиш аст

– Мо дар оила панҷ нафар ҳастем, – мегӯяд сокини маҳаллаи Тошканди ноҳияи Ҷомбой Султонмурод (номаш иваз карда шуд). – Ман, ҳамсарам ва се фарзандам. Дар хона ҳеҷ кас кор намекунад. Ду нафар фарзандамон мактабхон. Бо тақозои шароит ҳоло ҳамаи мо дар хона. Пештар мардикорбозор баромада, кор мекардам ва аз паси он рӯзгорро таъмин менамудам. Ҳозир аз сабаби карантин ҳеҷ куҷо баромада намешавад. Гоҳ-­гоҳ дар хонадони ҳамсоягон ягон корашонро карда, чойпулӣ мегирам. Азбаски дар бинои бисёрошёна зиндагӣ мекунем, боғ надорем. То ҳол меваҳои зиёд пухтанд. Аммо фарзандонам ягон маротиба аз ин меваҳо нахӯрдаанд. Азбаски нархаш қимат аст, иқтисоди мо намебардорад.
Ин суханони шаҳрвандро беҳуда наовардем. Ҳоло дар вилоят, умуман дар мамлакатамон ҳазорон оилаҳое ҳастанд, ки аъзои хонавода дар ягон ҷой кор намекунанд. Онҳо то ҳол бо корҳои муваққатӣ рӯзгорро таъмин мекарданд. Дар шароити карантин бошад, онҳо бекор ҳастанд ва манбаи даромад надоранд. Агар карантин тӯл кашидан гирад, вазъияти иқтисодии чунин оилаҳо боз ҳам вазнинтар мешавад. Бинобар ин, вазъияти кунунӣ дар дӯши ҳар як кас масъулияти бештареро мегузорад. Мо набоя

д фаромӯш кунем, ки ин як санҷиш аст. Дар чунин вазъият худписандӣ ва худбинӣ нашояд. Моро зарур аст, ки муттаҳид шуда, аз як гиребон сар бароварда, бо беморӣ мубориза барем ва ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз кунем.
Ҳар як адад, тақдири як инсон аст
– Монда набошед, Султонмурод.
– Саломат бошед!
– Чӣ гапои нав?
– Гапи нав дар шумо-­дия. Дар ҷаҳон чӣ гап?
– Дар ҷаҳон вазъият вазнин. Шумораи беморони коронавирус ба 7 миллион наздик шуд.
– Не-­е. Дар худамон вазъият чӣ хел?
– Дар худамон қариб 4000 ҳазор.
– Эҳ-­е, мӯл шудааст-­ку?
– Ҳа, рӯз то рӯз бисёр мешавад. Аз ҳама бадтараш дар миёни аҳолӣ ҳам сироятёфтагон аниқ мегарданд.
Мо қариб ҳар рӯз ба чунин мулоқот шоҳид мешавем. Гоҳо худ низ бо дигарон ба ҳамин мазмун сӯҳбат мекунем. Вақте ки ба чунин гуфтушунидҳо гӯш меандозед, фикр мекунед, ки мусоҳибон дар бораи сари чорво ё нарху наво, ё ки ягон навъи маҳсулот сӯҳбат мекунанд. Бепарво, беғам ва бетаассуф. Аз дарди ҷаҳон мегӯянд, аммо оҳанги гуфторашон дарде надорад.
Дар ин маврид дақиқтар фикр кунем, мефаҳмем, ки ҳар як рақам тақдири як инсон аст. Яъне талоши як нафар бо марг. Ҳамин як рақаме, ки мо бепарвоёна ба забон меорем, дар замир чӣ қадар ранҷ, ғам, заҳмат, азоб ва мушкилотро дорад. Ҳар як рақам як инсон ва ҳар як инсон падар ё модар, фарзанд ё пайванди чандин нафари дигар аст.
Вафоти ҳар як бемори гирифтори коронавирусро мо набояд чун марги нобаҳангом қабул кунем. Онро бепарвоёна ба забон орем. Бояд дарк созем, ки боз як нафар аз байни ёру дӯстони худ ба як умр рафт. Дуруст ҳама рӯзе меравад, аммо ин бемор чунон рафт, ки ба роҳи охират гулселонидани ӯ ба наздиконаш насиб накард. Ҳатто дидораш ба қиёмат монд. Тасаввур кардани ин ҳолат, худ дилро аз шаби торик ҳам тиратар месозад. Мо бояд дар бораи ин ҳама андеша кунем ва барои ин аз як гиребон сар барорем.

Ман, ту, вай…

Пандемияи коронавирус барои аҳли ҷаҳон таҳдиди ҷиддӣ мебошад. Саволи барҳақ ба миён меояд: ман, ту, вай… коронавирусро чӣ хел мағлуб мекунем?
Пандемияи коронавирусро вақте мағлуб мекунем, ки ман, ту, вай якҷоя шуда, Мо шавем.
Танҳо дар ҳолати барои саломатии худ ва атрофиён бефарқ набудан онро пешгирӣ карданамон мумкин аст.
Роҳи беҳтарин ва самарабахштарини наҷот аз ин беморӣ амал ба қоидаҳои карантин мебошад.
Бояд дар хотир дошт ва огоҳ буд, ки имрӯз ё пагоҳ мо низ дар қатори гирифторони коронавирус шуда, адади сироятёфтагонро боз ба як адад зиёд карданамон мумкин аст. Чунки коронавирус тартиб ва ҳушёриро дӯст медорад.
Ҳамватанони азиз, дар чунин вазъият мо ба ҳамдигар чӣ хел ёрӣ расонида метавонем? Ин як роҳи мувофиқ ва судманд дорад: амал ба қоидаҳои карантин! Биёед, беҳуда ва бемақсад кӯча набароем. Дар хона бимонем ва тезтар бемориро мағлуб намуда, ба ҳаёти маъмулии худ баргардем. Дар кӯчаҳо озод сайр кунем. Ба ҳамдигар канор кушоем. Аз ёру дӯст ва хешовандону наздикон хабар гирем.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ