НИЗОМИ СТАТИСТИКА БО МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ҲАМОҲАНГ КАРДА МЕШАВАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 июн бинобар чораҳои такмил додани низоми миллии омор машварат баргузор кард.
Ҳаққоният ва шаффофияти омор гарави ислоҳоти бехато ва самарабахш мебошанд. Тӯли се соли охир дар самти мазкур корҳои зиёде иҷро шуданд. Аз ҷумла, мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ усули ҳисобу китоби муфлисӣ гузаронида шуд, номгӯйи молҳои аз ҷиҳати омор мушоҳидашаванда вусъат пайдо кард. Нишондиҳандаҳои молиявиву иқтисодӣ оид ба Буҷаи давлатӣ, қарзи хориҷӣ, захираи тилло ва захираҳои табиӣ кушоду равшан интишор мешаванд.
Дар машварат масъалаҳои ташаккул додани омори ба ҳамдигар вобаста оид ба минтақаҳо ва соҳаҳо, мутобиқати онҳо бо низоми ягонаи омори байналхалқӣ баррасӣ шуданд.
Қайд гардид, ки бояд бекорӣ куллан мувофиқи меъёрҳои Созмони байналхалқии меҳнат мушаххас карда шавад, тартиби он такмил ёбад ва фарогирии баргузори пурсишҳо вусъат пайдо кунад.
Дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ҷорӣ намудани низоми байналхалқии ҳисобу китоби харҷҳо барои табобати бемориҳо муайян карда шуд. Бидуни ин ҷорӣ кардани суғуртаи тиббӣ ғайриимкон мебошад.
Ба Девони Вазирон, Кумитаи давлатии оид ба омор супурда шуд, ки «харитаи амалиёт»-ро бино бар ҳамоҳангсозии омор дар соҳаҳои таълим, хоҷагии қишлоқ, савдои хориҷӣ, нақлиёт, сохтмон, экология, сайёҳӣ ва ҷанбаҳои дигар бо меъёрҳои байналхалқӣ коркард шавад.
Ҳамчунин супурда шуд, ки дар масъалаи фаъолият оид ба ташаккул додани омор аудити идораҳои давлатӣ баргузор карда шавад.
Зикр гардид, ки дар пойгоҳҳои ҷаҳонии маълумот нишондиҳандаҳои соҳавии Ӯзбекистон пурра инъикос наёфтанд. Ба шахсони масъул бобати таъмин сохтани маълумоти пурраи индикаторҳо доир ба кишвари мо дар пойгоҳҳои маълумотдиҳии байналхалқӣ бинобар соҳаҳои меҳнат, энергетика, кишоварзӣ, таълим ва самтҳои дигар супоришот дода шуданд.
Мушкилоти дигар он мебошад, ки нисфи маълумоти назорати оморӣ дар шакли хаттӣ ҷамъ оварда мешавад. Таҳлили маълумот дар пояи таъминоти барномавии бист сол муқаддам амалӣ мегардад. Арзиши ҳисобу китоби муфлисиро метавон аз тариқи ба роҳ мондани табодули автоматикии маълумоти байни мақомоти андоз ва идораҳои омор хеле коҳиш дод.
Барои мустаҳкам сохтани пойгоҳи моддиву техникии низом ва навсозии таъминоти барномавӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои зудамали ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳои оморӣ оид ба соҳаҳои андоз, меҳнат ва молия вазифаҳо гузошта шуданд.
Алҳол Бонки марказӣ, Вазорати молия ва мақомоти ҳуқуқу тартибот фаъолияти худро дар соҳаи омор ҳамоҳанг намекунанд. Ҳол он ки 40 фоизи нишондиҳандаҳои оморӣ маҳз ба ин идораҳо тааллуқ доранд.
Вобаста ба ин зарурияти такмил додани қонунгузории соҳа ва фаъолияти Шӯрои оморӣ, ки 17 сол муқаддам ташкил ёфта буд, ташаккул додани низоми мустақили оморӣ, ки ба талаботи байналхалқӣ такя мекунад, таъкид гардид.
Маълум аст, ки тӯли солҳои истиқлолият дар мамлакати мо ягон бор маъракаи барӯихатгирии аҳолӣ гузаронида нашудааст. Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 феврали соли 2019 дар соли 2022-юм гузаронидани барӯихатгирии аҳолӣ пешбинӣ шудааст. 16 марти соли равон Қонун «Дар бораи барӯихатгирии аҳолӣ» қабул гардид.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки барӯихатгирии аҳолӣ манбаи асосии омор ба шумор меравад ва  ба он аллакай аз ҳоло бояд ҳамаҷониба тайёрӣ дид.
Ба Кумитаи давлатии омор супориш дода шуд, ки шуъбаи махсус ташкил намояд ва коршиносони хориҷиро ҷалб кунад, фаъолияти Пажӯҳишгоҳи баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои назди кумитаро такмил диҳад, тамоми мутахассисонеро, ки дар маъракаи барӯихатгирии аҳолӣ иштирок хоҳанд кард, бо таълим фаро гирад.
Дар машварат масъалаи кадрҳо махсус зикр шуд. Тӯли 5 соли охир 318 нафар бакалавр ва 33 нафар магистр тайёр карда шуданд, вале фақат 10 фоизи онҳо дар идораҳои оид ба омор кор мекунанд. Танҳо ду фоизи кормандони низом маълумоти дахлдори олӣ доранд. Ғайр аз ин тӯли 30 соли охир вобаста ба мушкилоти омор ҳамагӣ 1 нафар рисолаи докторӣ ва 11 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.
Бинобар ин зарурияти куллан беҳсозии низоми тайёркунии кадрҳо ва рушди илми омор, таҷдиди назар намудани низоми пардохти меҳнат дар соҳа таък

ид шуд.
Дар машварат муаррифии Стратегияи миллии рушди омор, ки дар ҳамкорӣ бо коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ андешида шудааст, баргузор шуд. Роҳбари давлат барои такмил додани он супориш дод.

ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ