Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавирус аз 4 ҳазор нафар зиёд гардид

Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавирус аз 4 ҳазор нафар зиёд гардид

  • Post category:Ҷаҳон

То 3-юми июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар ин мамлакат 2347 (56%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар Тоҷикистон аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 1463 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 321 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.
Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ