Коронавирус дар чанд дақиқа аз бемор ба одами солим сироят мекунад?

Коронавирус дар чанд дақиқа аз бемор ба одами солим сироят мекунад?


Дар байни мутаххасисон то ҳол дар бораи роҳҳои сирояти коронавирус фикрҳои гуногун вомехӯранд.
Аммо баробари пайдо гардидани маълумотҳои нав ба нав бобати бо зарраҳои ҳаво паҳн гардидани беморӣ боварӣ бештар мегардад. Назар ба маълумоти олимон инфексия аз дастаи дарҳо, тугмачахои лифт ва дигар ҷойҳо ба одамон бештар мегузарад.
Одаме, ки коронавирус сироят кардааст, дар вақти сӯҳбат, сурудхонӣ, ба одами бениқоб наздик шавад, вай аз худ аэрозоли «вирусдор» мебарорад. Дар ин бора мутахассиси Роспотребнедзор Александр Семёнов гуфтааст. Ин олим чун вирусолог дар кишварҳои Хитой ва Италия фаъолият намудааст.
«Дар аксар маврид коронавирус бо зарраҳои ҳаво сироят мекунад. Ҳаминро бояд донист, беморӣ дар шахсоне, ки бо беморон кам ё зиёд дар мулоқот мешаванд, аниқ карда мешавад. Беморӣ дар кӯча ҳангоми аз пеши бемор давида гузаштан сироят намекунад. Бо бемор муддате дар мулоқот шавад, баъд беморӣ мегузарад».
Назар ба маълумоти олим ҳангоми мулоқот тӯли 10-15 дақиқа дар масофаи на кам аз як метр беморӣ сироят мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ