Президент: дар минтақаҳои «сурх» ва «зард» амали қатъӣ ба қоидаҳои карантин талаб карда мешавад. Дар Самарқанд ҳам…

То замоне, ки дар Ӯзбекистон инфексияи коронавирус комилан бартараф карда нашавад, масъулият ва ҷавобгарии ҳар кадоме аз роҳбарон бояд пурзӯр бошад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки имрӯз, 3-юми июн доир гардид, маълум кард.
«Чорабиниҳоро амиқро бобати пешгирии паҳншавии коронавирус, кам кардани таъсири манфии он ба ҳаёти мардум ва иқтисодиёт бо ҳамҷоягии халқ меандешем» гуфт роҳбари давлат.
То ҳол 3014 нафар (78 фоиз) бемор сиҳат гардида, ҷавоб шуданд. Аммо адади сироятшавандагин то ҳол зиёд аст. Дар даҳ рӯзи охир ҳар рӯз ба ҳисоби миёна дар 70-80 нафар беморӣ аниқ мегардад. Ин аз он далолат медиҳад, ки набояд ба хотирҷамъӣ ва бепарвоӣ дода шавем.
«Умуман гӯем, тамоми роҳбарон ва сарварони секторҳо дар мубориза бо ин иллат набояд ба зотирҷамъӣ дода шаванд. Бахусус, дар вилоятҳои Самарқанд, Тошканд ва шаҳри Тошканд, инчунин дар 50 шаҳру ноҳияҳои, ки минтақаҳои «сурх» ва «зард» маҳсуб мешаванд, амали қатъӣ ба қоидаҳои карантин талаб карда мешавад. То пурра аз байн нарафтани беморӣ дар дӯши ҳамаи мо масъулият ва ҷавобгарӣ барқарор мемонад. Чунки вазъияти ҷаҳонӣ то ҳол бениҳоят вазнин ва мураккаб аст», гуфт Президент.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ