127 нафар журналист аз бемории коронавирус вафот кард

127 нафар журналист аз бемории коронавирус вафот кард

  • Post category:Саломатӣ


Мувофиқи маълумоти Press Emblem Campaign (PEC), аз 1-уми март то 31-уми май дар ҷаҳон 127 нафар журналист аз бемории COVID-19 вафот кард.

  • Кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ низ дар мубориза бо вируси нав нақши муҳим доранд. Онҳо бояд маълумотро дар бораи паҳншавии беморӣ маълумот диҳанд. Баъзе аз хабарнигорони қурбоншуда бинобар пайдо накардани таҷҳизоти зарурии муҳофизатӣ ҳангоми иҷрои вазифаашон вафот кардаанд, — гуфт котиби генералии PEC Блейз Лампен.
    Шумораи аз ҳама зиёди марг дар ҳудуди Америкаи Лотинӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар Перу 15 нафар журналист аз бемории коронавирус ба ҳалокат расида бошанд, дар Бразилия ва Мексика 13 нафарӣ аҳли қалам фавтиданд. Теъдоди рӯзноманигорони вафоткарда аз коронавирус дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка 12 нафар ва дар Россия 5 нафар аст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ