Сабр ганҷ диҳад, бесабрӣ ранҷ

Сабр ганҷ диҳад, бесабрӣ ранҷ

Мақбултарин ва беҳтарин хислати одамӣ ин сабру тоқат аст. Оё дар замони мо низ сабрро чун аслиҳаи асосии зидди мушкилиҳои зиндагӣ мешуморанд?
Пирони рӯзгордида гуфтаанд: «Меваи сабр ширин асту сабр кунӣ аз ғӯра ҳалво мепазад».
Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд:
– Кадом талхӣ бошад, ки дар охир ширин шавад? Гуфт: Сабр.
Дар ҳақиқат меваи сабр ширин аст. Бинобар он, ҳамеша ва дар ҳама кор бо сабру пуртоқат шудан лозим. Мегӯянд, ки санг лаъл шавад дар мақоми сабр. Калиди дари ганҷи мақсад сабр аст. То кас сабр накунад, ба мақсад намерасад. Ҳамин ҷо ривояте ба хотирам омад, ки дар хурдсолӣ, ҳангоме ки мо наберагон бесабрӣ намуда, оиди ягон чизе бо ҳамдигар талош мекардем, модаркалонам такрор ба такрор нақл мекарданд.
Ривоят мекунанд, ки шоҳе буд тезу тунд ва бесабру тоқат. Шоҳ вазири доное дошт. Рӯзе ҳар ду ба шикор мераванд. Онҳо аз паси оҳубарра пайгирӣ намуда ба ҷои хушманзарае мерасанд. Чун вақти намоз ки шуд, шоҳ камарбандашро кушода як сӯ мегузорад ва бо вазир барои адои намоз шурӯъ мекунад. Дар ин вақт саги шикорие омада камарбанди шоҳро гирифта меравад. Ҳамин дам марди роҳгузаре низ аз ин ҷо мегузарад. Шоҳ баъди намоз камарбандашро наёфта, бисёр дарғазаб мешаваду аз гиребони роҳгузар мегирад.
Марди роҳгузар бо илтиҷо мегӯяд, ки камарбандро надидааст. Шоҳ бо шамшер роҳгузарро ба қатл мерасонад. Шоҳу вазир аз нав ба ҷустуҷӯи камарбанд оғоз менамоянд. Ногоҳ мебинанд, ки дуртар аз онҳо саге бо камарбанд бозӣ дорад. Шоҳ камарбанди худро мешиносад ва аз куштани роҳгузар хеле пушаймон шуда, «Худоё бароям сабру тоқат ато намо, ки аз бесабрии худ гуноҳи азиме содир намудам ва хуни шахси бегуноҳро резонидам», мегӯяд.
Вазири доно мегӯяд:
– Сабр ганҷ диҳад, бесабрӣ ранҷ.
Аз ҳикояти боло метавон чунин хулоса кард, ки инсон бояд дар ҳама кор сабру тоқат­ро пеша кунад, зеро сабурӣ ба инсон бурдборӣ меорад, ҳеҷ гоҳ аз кардаи худ пушаймон намешавад. Ҳоло ҳамаи мо, аниқтараш аҳли инсоният низ дар чунин рӯзҳо қарор дорем, ки босабру субот бошем.

Д.ОБЛОҚУЛОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ