Дар вазъияти карантинӣ: якдилу якҷоя фаъолият мебарем

Дар вазъияти карантинӣ: якдилу якҷоя фаъолият мебарем

  • Post category:Саломатӣ

Мувофиқи маълумотҳо, ҳоло дар ноҳияи Пастдарғам 573-то корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 532-тояшон фаъолият мебаранд. Дар ин корхонаҳо беш аз 3000 нафар коргар меҳнат мекунанд.
Корхонаи муштараки Ӯзбекистон-­Британияи Кабир-­Россия «Узбиокомбинат» яке аз корхонаҳои калонтарини ноҳия ба шумор рафта, соли 2012 ба фаъолият оғоз кардааст.
– Дар ин ҷо 65 намуди доругиҳои байторӣ истеҳсол карда мешавад, – мегӯяд директори техникии корхона Шӯҳрат Худоёров. – Корхонаи мо дар як сол бо истифодаи таҷҳизотҳои замонавии аз давлатҳои Россия ва Германия овардашуда, 550 тонна доругиҳои байторӣ истеҳсол мекунад. Аз соли 2015 сар карда, маҳсулотҳоямон ба кишварҳои хориҷӣ содирот карда мешавад. То имрӯз 35 фоизи доруҳои мо ба Афғонистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Туркманистон фурӯхта шуда бошанд, минбаъд барои ба қитъаи Африқо низ содирот кардани дорувориҳо музокираҳо бурда истодаем. Дар давраи карантинӣ низ ширкати мо фаъолияти худро қатъ накардааст.
Дар корхона то давраи карантинӣ зиёда аз 100 нафар мутахассисони баландихтисос дар ду баст кор мекарданд. Имрӯз, ки дар вазъияти карантинӣ қарор дорем, дар як баст 65 нафар кор мекунанд. Воқеан, дар ширкати мо, ки бояд ба талаботи санитарӣ пурра мувофиқат кунад, ин кор дар давраи карантинӣ боз ҳам пурзӯр шудааст.

Б.МУСТАНОВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ