Бемор чӣ гуна ҳуқуқҳоро соҳиб аст?

Бемор ҳангоми муроҷиат ба ёрии тиббӣ ва дар ҷараёни гирифтани мадади тиббӣ чунин ҳуқуқҳоро соҳиб аст:

👉 интихоби шифокор ва шифохона;
👉 аз санҷиш гузаштан, табобат ва парвариш дар шароите, ки ба талабҳои санитариву ­гигиенӣ ҷавоб медиҳанд;
👉 мувофиқи илтимоси худ аз дигар мутахассисон маслиҳат гирифтан;
👉 пинҳон кардани маълумотҳо дар бораи муроҷиат аз рӯйи дархости ёрии тиббӣ, вазъи саломатӣ, ташхиси гузошташуда, инчунин, дигар маълумотҳое, ки ҳангоми санҷидан ва табобат ба даст омадаанд;
👉 ба санҷиши тиббӣ ба таври ихтиёрӣ розӣ шудан ва ё инкор кардан.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ