4-уми июн: аз рӯзи оила дар Амрико то аввалин нашрияи суратдор

4-уми июн: аз рӯзи оила дар Амрико то аввалин нашрияи суратдор
  • Post category:Ҷаҳон

Дар Ингушистон — Рӯзи маориф.

Дар Молдова — Рӯзи кормандони бонк.

Дар Финландия — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.

Дар Қазоқистон — Рӯзи рамзҳои давлатӣ.

Рӯзи оила дар ИМА.

Рӯзи ёдбуд дар Қирғизистон.

Рӯзи парчам дар Эстония.

Соли 1922 дар замимаи нашрияи шӯравии «Рабочая газета» аввалин шумораи маҷаллаи суратдори «Рабочий» нашр шуд, ки пас аз чанд вақт номи «Крокодил»-ро гирифт.

Соли 1940 дар шаҳри Маскав варзишгоҳи «Динамо» мавриди истифода қарор дода шуд.

Соли 1956 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пардохт барои таҳсил дар мактаби миёна ва олӣ бекор карда шуд.

Соли 1956 дар Иттиҳоди Шӯравӣ шумораи нахустини киномаҷаллаи ҳаҷвии «Фитил»  ба экран баромад.

Соли 1970 Тонга аз Британияи Кабир истиқлолият ба даст овард.

Соли 1975 аввалин маротиба пахши мустақими телевизионӣ аз ҷараёни ҷаласаи парлумони Англия сурат гирифт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ