Шаҳрвандони 130 кишвари хориҷ ба Черногория бе ягон мушкилӣ медароянд. Ӯзбекистониён ҳам…

Ҳукумати Черногория рӯйхати 130 кишвари хориҷро нашр карда, ки аз 1 июн шаҳрвандони онҳо метавонанд ба ин кишвар бемамоният ворид шаванд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Черногория.
Дар ин рӯйхат Ӯзбекистон низ ворид шудааст. Қайд мешавад, ки шаҳрвандони кишварҳои зикршуда зимни ворид шудан ба Черногория каратин намешаванд ва тести коронавирус намесупоранд.
Ҳукумати Черногория қарор карда, ки бо беҳтар шудани вазъи саломатии шаҳрвандон низоми сарҳадбандиро сусттар кунанд.
Дар баробари ин қайд мешавад, ки сарҳад ба рӯи шаҳрвандони кишварҳое боз мешавад, ки дар онҳо тамоюли пастшавии сироятшавӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин шумораи маризони коронавирус дар ин кишварҳо бояд кам бошад.
Ба рӯйхати кишварҳое, ки вурудашон озод шудааст Тоҷикистон, Гурҷистон ва Қирғизистон низ вориданд. Русия бошад иҷозаи вуруд ба Черногорияро нагирифт.
Сарҳади Черногория ҳамчунин барои сайёҳони Италия, Испания ва Бритониё баста боқӣ хоҳад монд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ