Имсол барои деҳқону боғбонон соли имтиҳонҳо аст

Имсол барои деҳқону боғбонон соли имтиҳонҳо аст

Ҳар сол гӯё табиат қувваю иродаи боғбону деҳқононро месанҷад ва имтиҳон мегирад. Пештар дар фасли зимистон барфу боронгарӣ кам шуда бошанд, имсол боришот аз ҳад зиёд шуд. Ин бошад, барои боғбону деҳқонон санҷишу имтиҳон аст, ки солро чӣ хел ҷамъбаст мекунанд.
Имрӯзҳо барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ кор дар тамоми хоҷагиҳои деҳқониву фермерии ноҳияи Самарқанд бо ҷӯшу хурӯш давом мекунад. Хоҷагии фермерии «Ҳазратқул Бекбоев саховати» 12,7 гектар замин дорад. Аъзоёни хоҷагӣ дар 2 гектар ток, дар 4 гектар токи ҷавон, 1,5 гектар шафтолу, 1 гектар гелос ва дар 2 гектар ғалла парвариш менамоянд. Ҳоло бо парвариши 1,5 қуттӣ тухми кирмак низ машғуланд.
Ба хоҷагӣ ҷавони чашмикордону боғайрат Убайдулло Бекбоев сарварӣ менамояд. Барфи охирҳои моҳи март ва боронҳои пай дар пайи минбаъда ба ҳосили кишту боғи онҳо таъсир расонд. Нашъунамою ҳосилбандии ғалла бад нест. Рӯзҳои наздик дарави он оғоз ёбад, нақша бемалол иҷро мешавад. Вале ҳосилнокии гелосу шафтолу ва ток тақрибан 40 фоиз кам мегардад. Аъзоёни хоҷагӣ Моҳчеҳра Қобилова, Иззатулло Бекбоев, Икром Тоҷиев, Шерзод Тилаков, Зиёдулло Ҳазратқулов, Беҳзод Камолов ва дигарон барои баровардани қусури он ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ имрӯзҳо зарбдорона меҳнат мекунанд.
– Ҳангоми даҳсола буданам падарам Ҳазратқул Бекбоев дар ҳамин ҷо сардори бригадаи собиқ хоҷагии «Ленин байроғи» буданд ва ман доимо ҳамроҳашон меомадам, – мегӯяд Убайдулло Бекбоев. – Баъд худам ҳам аъзои хоҷагӣ шуда, кор кардам. Аввал ҳисобчӣ, баъд сардори бригада шудам. Соли 2006 ин заминро гирифта, бо фермерӣ машғул гардидем. Аввал ғалла коридем. Баъд кам-­кам ниҳол шинонида, боғ барпо намудем. Ба ҳамин шабу рӯз омада, боғу токзорамон 10 гектарро ташкил менамояд. Дар поён боз 2 гектар замин дорем, ки дар он ҷо боғи себу нок бунёд кардан мехоҳем. Ҳоло дар он замин пиёз парвариш карда истодаем. Бо мақсади шод гардондани рӯҳу арвоҳи падарам дар оянда соҳаи фермериро ривоҷ дода, хоҷагиро пурқувват мегардонем. Нияти дар оянда сохтани яхдон ва боз ягон хел сехи коркарди меваро низ дорем. Ин имкон медиҳад, ки маҳсулотро бештар ба хориҷа содир кунем.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ