ҶОСУСОНИ БОНАПАРТ

ҶОСУСОНИ БОНАПАРТ
  • Post category:Фарҳанг


Император Наполеон на танҳо дар майдонҳои набард ғолиб мебаромад, балки дар ҷангҳои махфӣ низ дастболо мешуд, зеро ба разведка ҳамеша аҳамият медод. Вақте ки ӯро аъзои Директория (ҳукумати Франсияи инқилобӣ) соли 1796 фармондеҳи амалиёти ҷангии Италия таъйин намуданд, афсари ҷавону ҳанӯз шуҳратнадоштаро генералҳо бо рӯи хуш хайрамақдам нагуфтанд. Ҳатто генерали нисбатан моҳир Массен ба генерал Стенжелу гуфт: «Фармондеҳи мо аблаҳест». Аз ин рӯ, барои Бонапарт разведка на фақат бар зидди душман ҷангидан, балки барои поидани генералҳояш низ зарур буд.
Наполеон ҳамеша асиронро худаш мепурсид ва бисёр афсарони болаёқатро ба тарафи франсузҳо ҷалб мекард, ба онҳо пули калон ва мансабҳои баланд ваъда медод.
Бонкдор Халлери швейтсарӣ, ки бо вай ҳанӯз аз соли 1794 шинос буд, ба ӯ хизмати махсус мерасонд. Наполеон дар ёддоштҳояш оид ба шикастани қалъаи Караско чизе нагуфтааст, аммо маълум аст, ки Халлер бо пул қалъабонро харид ва ӯ дарвозаҳоро бе ҷанг ба рӯи аскарони Бонапарт кушод.
Ҷосуси дигари Наполеон шахси дар боргоҳи шоҳони Аврупо машҳуру баобрӯ Франческо Толӣ буд. Вай ба сарфармондеҳи артиши Австрия Мелас дар хусуси мавқеи франсузҳо ва шумораи онҳо маълумоти бардурӯғ дод. Дар натиҷа ӯ Бонапарт шикаст хӯрд. Аз рӯи маълумоти ҷамънамудаи Толӣ Бонапарт армияи нави австриягиҳоро бо сарварии генерал Вурмсер торумор кард. Рассом Биожӣ, ки Бонапартро дар юриши зидди Италия ҳамроҳӣ менамуд, дар ёддоштҳояш навиштааст, ки сарфармондеҳи франсузҳо ҳар рӯз ашхоси зиёди ношиносро ба ҳузур мепазируфт, ки дар байнашон хонумҳои зебо, рӯҳониён, афсарон, тоҷирон ва сарватмандон кам набуданд. Вай ба онҳо маблағи зиёд медод, аз ин рӯ, аз ҳамаи нақшаи душман сари вақт бохабар мешуд. Сафирони франсуз, роҳбарони ҷосусҳо, низ ба Наполеон дар хусуси кишварҳои Аврупо маълумоти пурқимат мерасонданд. Ба ситоди вай муттасил маълумоти муҳиму зарурӣ «мерехт».
Моҳи майи соли 1796, баъди муҳорибаи назди Лоди ва ғасби Милан Наполеон ба ҷойи идораҳои ҷосусии назди ситодҳои генералҳои алоҳида «бюрои махфӣ» таъсис дод ва Жан Ландре, фармондеҳи полки савораро сардор таъйин кард. Бюро ду шуъба дошт: умумӣ ва сиёсӣ. Шуъбаи сиёсӣ қаламрави ғасбшударо зери назорат мегирифт, ошӯбҳоро бераҳмона пахш мекард. Ба ин шуъба Галдӣ роҳбар буд. Вай аз ҳазор нафар зиёд ҷосус дошт, дар байнашон одамкушон, дуздон, роҳзанҳо, роҳибон, муҳандисон, хонумҳо, аз қабили графбонувон Албанӣ ва Уҷерӣ буданд. Ландре ҷосусонашро ба Неапол, Рим, Флоренсия, Турин, Венетсия, ба артиши Австрия, ҳатто ба Вена мефиристод. Ба ҷосусон маблағи зиёд медоданд. Гоҳо ба маълумоти онҳо худи Бонапарт бовар намекард, аммо баъди чанд вақт рост буданашон ошкор мегашт. Наполеон ҳам баъзан вақт дар назди ҷосусони дигар давлатҳо, ки онҳо аз фош шуданашон бехабар буданд, «маълумотҳои муҳими махфӣ» — ро гуфта мемонд, махсусан, дар назди графбону Палестрина, ки ҷосуси Австрия буд.
Ба ҳар кишваре, ки минбаъд Бонапарт лашкар мекашид, аввал ҷосусонаш мерафтанд ва барои ғалабаи осони Наполеон замина муҳайё мекарданд.
Қурбон МАДАЛИЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ