Дар ҷаҳон шумораи беморони гирифтори коронавирус ба беш аз 6,5 миллион нафар расид

Дар ҷаҳон шумораи беморони гирифтори коронавирус ба беш аз 6,5 миллион нафар расид

  • Post category:Саломатӣ

Дар ҷаҳон шумораи беморони гирифтори коронавирус шабонарӯзи гузашта 121 413 нафар зиёд шуда, ба 6 568 644 нафар расид. Ҳамзамон, аз ин теъдод то имрӯз 3 миллиону 169 ҳазору 264 кас шифо ёфтаанд ва 387 ҳазору 959 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Шумораи зиёди сироятҳо дар ИМА ба қайд гирифта шуда, 1 901 783 нафарро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, 109 142 кас вафот карда, 688 670 нафар беморони гирифтори COVID-19 шифо ёфтаанд. Дар ҷои дуюм Бразилия қарор дорад, ки дар он 584 562 нафар сиротя ёфта, 32 568 нафар вафот кардаанд ва 266 132 нафар табобат шудаанд.
Россия аз рӯи шумораи сироятёфтагони коронавирус дар ҷои сеюм буда, аз 432 277 нафар гирифторон 5 215 нафар вафот карданд ва 195 ҳазору 957 нафар шифо ёфтаанд.
Испания бо 287 ҳазору 406 бемор дар ҷои чорум буда, дар он 27 ҳазору 128 фавтиданд ва беш аз 150 000 сиҳат шудаанд.
Дар Британия 279 ҳазору 856 нафар гирифтори ин беморӣ шудаад. Аз рӯи теъдоди ҳолатҳои фавт Британия дар ҷои дуюм қарор дорад – 39 728 нафар.
Шумораи мубталоёни COVID-19 дар Италия ба 233 ҳазору 836 нафар, фавтидагон ба 33 ҳазору 601 кас ва шифоёфтагон ба 160 ҳазору 938 нафар расид.
Дар Ҳиндустон 216 ҳазору 824 нафар аз бемории мазкур сироят ёфта, беш аз 6 ҳазори онҳо вафот кардаанд ва беш аз 104 000 нафар бар он пирӯз шудаанд.
Дар Германия аллакай 184 425 нафар бемор шуда, 8 699 кас вафот кардаанд ва 167 300 нафар шифо ёфтаанд.
Дар Перу 178 914 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, аз онҳо 4 894 фавтидаанд ва 72 319 бемор сиҳат шудаанд.
Дар ҷойи даҳум Туркия қарор дошта, дар он 166 422 нафар ба коронавирус гирфитор шуда, 4 609 кас вафот кардаанд ва 130 852 бемор шифо ёфтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ