Имтиҳонҳои дохилшавӣ барои соли хониши 2020-2021 аз 20-уми июл то 20-уми август баргузор мешаванд

Имтиҳонҳои дохилшавӣ барои соли хониши 2020-2021 аз 20-уми июл то 20-уми август баргузор мешаванд

Инро сардори Маркази давлатии тестӣ Маҷид Каримов ҳангоми брифинг дар бораи раванди қабул барои соли хониши 2020-2021 изҳор дошт.
Мувофиқи маълумотҳо қабули ҳуҷҷатҳо барои муассисаҳои таълими олӣ аз 15-уми июн то 15 -уми июл идома меёбад.

«15-уми июл, соати 00.00, қабули ҳуҷҷатҳо боздошта мешавад. Пас аз он, раванди гурӯҳбандии ҳуҷҷатҳо, омодасозии иҷозатномаҳо барои довталабон барои супоридани имтиҳон амалӣ карда мешавад. Довталабон метавонанд иҷозатро тавассути сайти расмии Маркази давлатии тестӣ (dtm.uz) гиранд.
Маълумот дар бораи тартиби гирифтани иҷозатнома тавассути ведеороликҳо пешниҳод карда мешавад» — гуфт Маҷид Каримов.

Мувофиқи маълумоти Комиссияи давлатии қабул, гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ аз 25-уми июл то 20-уми август пешбинӣ шудааст. Дар бораи санаҳои амиқи имтиҳонҳо боз маълумотҳои иловагӣ дода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ