Дар сессияи Шӯрои вилоят масъалаҳои ташкилӣ низ баррасӣ гардиданд

Дар сессияи Шӯрои вилоят масъалаҳои ташкилӣ низ баррасӣ гардиданд

Дар сессияи нӯҳӯми Шӯрои намояндагони халқи вилоят,ки имрӯз, 4- ӯми июн баргузор гардид,масъалаҳои ташкилӣ низ дида шуданд.
Аз ҷумла,Раҳматуллоев Беҳзод Раҳматуллоевич роҳбари гурӯҳи ташкиливу назорати ҳокимияти вилоят тасдиқ гардид.

Б.Раҳматуллоев,ки аз соли 2018 дар вазифаи мудири шӯъбаи коргузории ҳокимияти вилоят кор мекард,аз рӯи ихтисос сотсиолог ва иқтисодчӣ аст.

Вай солҳои 2002 Донишгоҳи давлатии Самарқанд, 2007 Донишкадаи иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд ( ихтисоси дуюм ) , 2009 магистратураи Донишкадаи иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд ва 2011- ӯм академияи давлат ва ҷамъияти назди Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистонро хатм кардааст.

Қайд гардид,ки Назаров Фарҳод Шарифович,ки то ҳол роҳбари гурӯҳи ташкиливу назорати ҳокимияти вилоят буд,фаъолияташро дар вазифаи сардори шӯъбаи вилоятии Маркази маънавият ва маърифати Ҷумҳурият оғоз кард.

Инчунин, намояндагони халқ Шамшиев Ҷамолиддин Эргашевичро директори компанияи инжиниринги ҳокимияти вилоят тасдиқ карданд.

Ҷ.Шамшиев,ки аз соли 2018 дар вазифаи ҷонишини сардори сарсадорати молияи ҳокимияти вилоят кор мекард,ихтисоси соҳаи молия,муомилаи пул ва кредитрр дорад.

Вай солҳои 2003 Донишкадаи кооперативи Самарқанд, 2005 магистратураи Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд ро хатм кар дааст.

Орзуқулов Саҳобиддин Ҷиянбоевич,ки то ҳол директори компанияи инжиниринги ҳокимияти вилоят буд,алҳол фаъолияташро дар Сенати Олий Маҷлис оғоз кардааст.

С. Орзуқулов дар вазифаи сармушовири шӯъбаи Буҷети давлат ва таҳлили масъалаҳои инкишофи иҷтимоӣ — иқтисодии ҳудудҳои девони Сенат кор мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ