Дар Сирдарё 6 нафар шахс шифокоронро кӯфтанд

Дар Сирдарё 6 нафар шахс шифокоронро кӯфтанд

Аз рӯйи ҳолат аз ҷониби шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сайхунобод корҳои пурсуҷӯӣ бурда мешавад. Рӯзи 4-уми июни соли ҷорӣ бо духтур-навбатдор ва фелдшер-навбатдори ёрии таъҷилии тиббии «Бирлашган»-и назди шӯъбаи ёрии таъҷилии тиббии Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Сайхунобод ҳодисаи нохуш рӯй дод. Бино ба хабари Садорати ҳифзи тандурустии вилояти Сирдарё шаҳрванди маҳаллаи «Дӯстлик»-и ноҳияи Сайхунобод А.Б. аз сабаби худро бемор ҳис намуданаш соати 00:21 ба ёрии таъҷилии тиббӣ занг мезанад. Мошини ёрии таъҷилии тиббӣ соати 00:21 ба ҷойи даъватшуда мерасад. Дар он ҷо 6 нафар одамони маст баробари аз мошин фаромадани духтур-навбатдор ва фелдшер-навбатдор онҳоро бесабаб мекӯбанд. Аз ҷониби идораи дахлдор сабаби ҳодиса омӯхта мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ