COVID-19: дар 24 соат тақрибан 130 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шуданд

COVID-19: дар 24 соат тақрибан 130 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шуданд

  • Post category:Саломатӣ

Ба ҳолати 5 июн дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 129 ҳазору 990 нафар зиёд шуда, ба 6 миллиону 698 ҳазору 615 нафар расид. Ҳамзамон аз ин теъдод то имрӯз 3 миллиону 249 ҳазору 457 кас шифо ёфтаанд ва 393 ҳазору 142 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 924 051 нафар), Бразилия (615 870), Россия (441 108), Испания (287 740), Британияи Кабир (281 661), Италия (234 013), Ҳиндустон (226 770), Германия (184 923), Перу (183 198) ва Туркия (167 410) дохил мешаванд.
Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (712 252 нафар), Бразилия (274 997), Россия (204 623), Германия (167 800), Италия (161 895), Туркия (131 778), Эрон (127 485), Ҳиндустон (109 462), Чили (95 631) ва Чин (78 327) шифо ёфтаанд.
Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (110 173 нафар), Британияи Кабир (39 904), Бразилия (34 039), Италия (33 689), Франсия (29 065), Испания (27 133), Мексика (12 545), Белгия (9 548), Германия (8 736) ва Эрон (8 071) шомил мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ