Дар мубориза бо коронавирус аксари давлатҳо аз чӣ гуна доруи зиддивирусӣ истифода мебаранд?

Дар мубориза бо коронавирус аксари давлатҳо аз чӣ гуна доруи зиддивирусӣ истифода мебаранд?


Кореяи Ҷанубӣ ба хотири табобат намудани беморони гирифтори коронавирус барои истифода аз доруи зиддивирусии ремдесивир иҷозатномаи фаврӣ додааст, хабар медиҳад «МедикФорум».
Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҳанӯз аввали моҳи май истифодаи фаврии ремдесивирро дар беморхонаҳо иҷозат дода буд. Сипас ин иқдомро Япония низ такрор кард. Дар Аврупо акнун имконияти ба кор бурдани ин доруро баррасӣ мекунанд.
Тибқи як тадқиқоти ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ оид ба ремдесивир, ин дору дар табобати беморон ва барқароршавиашон хеле аҳамиятнок буда, метавонад маризонро дар як муддати кӯтоҳ шифо бахшад, — гуфта мешавад дар гузориши Вазорати амнияти озуқаворӣ ва доруворӣ.
Тадқиқоте, ки пажӯҳишгоҳ оид ба аллергия ва бемориҳои сироятии ИМА дар 10 кишвар бо зиёда аз 1000 бемор гузарондааст, муайян намудаанд, ки агар ремдесивирро муддати 10 рӯз тариқи сӯзандору ба беморон гузаронанд, ин дар қиёс ба доруҳои пуч онҳоро бамаротиб зудтар тансиҳат мегардонад.
Ин кишвар бо истеҳсолкунандаи Gilead Sciences барои тезонидани интиқоли нахустини ин дору ҳамкорӣ хоҳад кард. Дар гузориш оид ба нарх ва ё миқдори он чизе гуфта нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ