ҲИКОЯИ ПАНДОМЕЗ ДОД АЗ ЗАБОНИ МАРДУМ Шайх Баҳоӣ гӯяд: Одамӣ агар паёмбар ҳам бошад, аз забони мардум осуда нест:

ҲИКОЯИ ПАНДОМЕЗ ДОД АЗ ЗАБОНИ МАРДУМ Шайх Баҳоӣ гӯяд: Одамӣ агар паёмбар ҳам бошад, аз забони мардум осуда нест:

  • Агар бисёр кор кунад, мегӯянд: “Аҳмақ аст”.
  • Агар кам кор кунад, мегӯянд: “Танбал аст”.
  • Агар бахшиш кунаду моли худро ба дигарон ҳадя намояд, мегӯянд: “Ифрот мекунад”.
  • Агар бойигарӣ ҷамъ кунаду саховаташ ба касе нарасад, мегӯянд: “Бахил аст ва касе аз хайраш баҳрае намебарад”.
  • Агар сокиту хомӯш бошад, мегӯянд: “Гунг аст”.
  • Агар сухангӯйӣ кунад, мегӯянд: “Серҷоғу пургӯ аст”.
  • Агар рӯза бидораду шабҳо намоз бихонад, мегӯянд: “Риёкор аст”.
  • Агар ибодат накунад, мегӯянд: “Кофиру бедин аст”.
    Аз ин рӯ, ҳаргиз набояд ба мадҳу бадгӯйии мардум эътино кард ва ба ғайр аз Худованд набояд аз касе тарсид.
    Таҳияи Бахтиёри Ҷумъа
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ