Бачаҳо хеле хурсанд шуданд Ҷамшеди Асрор

Бачаҳо хеле хурсанд шуданд Ҷамшеди Асрор


Дар арафаи Иди байналмилали ҳифзи бачаҳо бо ташаббуси сокини маҳаллаи Чилқудуқ (мавзеи Хишрав)-и шаҳри Самарқанд, ногирои гурӯҳи якум Шароф Муқимов ва фаъолони маҳалла ба ҳокимияти шаҳри Самарқанд аз рӯйи масъалаи дар рӯзи иди бачаҳо бо тӯҳфаҳо шод кардани бачаҳои оилаҳои ба ёрии иҷтимоӣ мӯҳтоҷи маҳалла муроҷиат намуданд. Муроҷиати онҳо мусбӣ ҳал гардид. Рӯзи 1-уми июн ба муносибати иди бачаҳо вакилони ҳокимияти шаҳри Самарқанд ба бачаҳои оилаҳои камтаъмини маҳалла тӯҳфаҳо иборат аз дафтар, дафтари расм, коғаз ва қаламҳои ранга, фломастер, пластилин, бозичаҳо, пойафзоли сабук тақдим намуданд. Фаъолони маҳалла аз ин кори хайр ба ҳокими шаҳри Самарқанд ва дигар вакилони он миннатдории самимӣ изҳор менамоянд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ