Рӯзи 6-уми июн дар ҷаҳон чӣ рух додааст?

Рӯзи 6-уми июн дар ҷаҳон чӣ рух додааст?

Дар Аргентина — Рӯзи муҳандисон.

Дар Қазоқистон — Рӯзи полиси молиявӣ.

Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия.

Рӯзи забони русӣ дар СММ.

Рӯзи Пушкин дар Русия.

Рӯзи журналист дар Украина.

Рӯзи муҳаббат дар Швейтсария.

Соли 1922 аввалин маҷаллаи адабӣ-тасвирии Иттиҳоди Шӯравӣ барои занон бо номи «Крестьянка» нашр шуда буд. Ҳоло ин маҷалла дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Русия барои занон нашр мешавад.

Соли 1932 дар Амрико аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон марафони дарозтарини рақсӣ оғоз гардид, ки 4125,5 соат (то 30 ноябр) давом кард.

Соли 1664  Амстердами Нав ба Ню-Йорк тағйири ном кард.

Соли 1981 дар иёлати Биҳари Ҳиндустон аввалин маротиба дар таърихи садамаҳои роҳиоҳании ҷаҳон садамаи калон рух дод, ки дар натиҷаи он зиёда аз 800  нафар ҳалок гардиданд.

Соли 1995 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни занон дастаи Норвегия дастаи Нигерияро бо ҳисоби калони 8:0 мағлуб кард, ки ин ҳамчун ғалабаи рекордӣ эътироф шуд.

Соли 1997 дар Чин тухми калонҳаҷмтарини шутурмурғ дар ҷаҳонро пайдо карданд, ки 2,35 кг вазн ва 18,67 см қутр (диаметр) дошт.

Соли 1999 аввалин маротиба вируси «Worm.ExploreZip» пайдо шуда буд, ки ҳазорҳо компютерро дар ҷаҳон сироят кард.

Соли 2012 ҷаласаи даҳуми прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ