ДАР БОРАИ БЕҲТАР НАМУДАНИ МАВҚЕИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР РЕЙТИНГИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИНДЕКСҲО, ИНЧУНИН ҶОРӢ КАРДАНИ МЕХАНИЗМИ НАВИ НИЗОМИ КОР БО ОНҲО ДАР МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲО

ДАР БОРАИ БЕҲТАР НАМУДАНИ МАВҚЕИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР РЕЙТИНГИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИНДЕКСҲО, ИНЧУНИН ҶОРӢ КАРДАНИ МЕХАНИЗМИ НАВИ НИЗОМИ КОР БО ОНҲО ДАР МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲО

Ислоҳоте, ки ба ҳифзи кафолатноки ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини озодии фаъолияти иқтисодӣ, такмил додани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ дар соҳаи суду ҳуқуқ нигаронида шудаанд, ба баланд шудани нишондиҳандаҳои мамлакати мо дар рейтинг ва индексҳои байналмилалӣ оварда мерасонад.
Аз ҷумла, дар тӯли чор соли охир дар “Индекси озодии иқтисодӣ”-и Фонди мерос кишвари мо ба 52 зина, “Индекси самарабахшии логистика” – ба 19 зина, “Индекси пешбурди тиҷорат”-и Бонки ҷаҳонӣ ба 18 зина  боло рафт.
Ӯзбекистон дар рейтинги «Таснифи хавфҳои кишварӣ»-и Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд аз гурӯҳи 6-уми мамлакатҳо  ба гурӯҳи 5-уми кишварҳо баромад. Баробари ин дар оқибати он ки  баъзе роҳбарон ба кор бо рейтингҳо диққати кофӣ намедиҳанд ва инъикос наёфтани аксари ислоҳот дар пурсишҳое, ки ташкилотҳои байналхалқӣ мегузаронанд, мавқеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рейтингҳои афзалиятноки байналмилалӣ ва индексҳо хеле паст боқӣ мемонад.
Бо мақсади беҳтар намудани ҷолибияти сармоягузорӣ ва таҳкими нуфузи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои нави кор бо рейтингҳо ва индексҳо дар мақомоти давлатӣ ва созмонҳо, инчунин иҷрои вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 муайян шудаанд:

  1. Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба кор бо рейтинг ва индексҳои байналмилалӣ (минбаъд – Шӯро) дар таркиби мувофиқи иловаи № 1 созмон дода шавад.
    Инҳо вазифаҳои асосии Шӯро муайян карда шаванд:
    гузарондани таҳлили мунтазами сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию ҳуқуқии кишвар, таъмин намудани ҳисоби тағйироти куллӣ, ки дар соҳаҳои гуногун бо мақсади беҳтар кардани мавқеи кишвари мо дар рейтинг ва индексҳои байналмилалӣ амалӣ гардонда шуда, барои Ҷумҳурии Ӯзбекистон афзалиятнок мебошад, инчунин барҳам додани мушкилоте, ки ба самаранокии кор дар самти мазкур монеъ мешаванд;
    пешбурди ташаббусҳо оид ба такмили низоми ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ,  демократикунонии ҷомеа, татбиқи ислоҳот дар соҳаи сохтмони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки ба таҷрибаи пешқадами хориҷӣ асос ёфтаанд, бо мақсади беҳтар намудани мавқеи кишвари мо дар рейтинг ва индексҳои байналмилалӣ, ки барои Ҷумҳурии Ӯзбекистон афзалият доранд;
    арзёбии ҳамаҷонибаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо, ки ба танзими соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ ва ҷомеа нигаронида шудаанд, аз нуқтаи назари таъсири онҳо ба мавқеи кишвари мо дар рейтинг ва индексҳои байналмилалӣ, ки барои Ҷумҳурии Ӯзбекистон афзалиятноканд.
    Вазорати молия ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мақомоти кории Шӯро муайян карда шаванд.
    Шӯро барои коркард ва татбиқи чораҳои муассир оид ба беҳтар намудани мавқеи кишвар дар рейтинг ва индексҳои байналмилалӣ, ки барои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳукми бартарӣ дорад ва байни мақомоти кории Шӯро тақсим шудаанд, инчунин татбиқи ҳамкориҳои мунтазами байналмилалӣ дар ин самт назорат ҷорӣ менамояд.
    Тақсимоти рейтинг ва индексҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ  байни мақомоти кории Шӯро мувофиқи иловаи № 2 тасдиқ карда шавад.
  2. Муайян карда шавад, ки яке аз меъёрҳои асосии баҳодиҳии самарабахшии фаъолияти роҳбарони аввали мақомоти масъули давлатӣ беҳтар намудани мавқеи кишвари мо дар рейтинг ва индексҳои байналмилалӣ мебошад, ки барои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳукми бартарӣ дорад.
    Нишондиҳандаҳои асосии самарабахшӣ оид ба рейтинг ва индексҳои байналмилалӣ, ки барои Ҷумҳурии Ӯзбекистон афзалият доранд (минбаъд — KPI) мувофиқи замимаи № 3 тасдиқ карда шавад.
  3. Вазорат ва идораҳои масъул бо назардошти муҳлат ва методологияи эълони рейтинг ва индексҳои ба онҳо вобаста кардашуда, инчунин ба мақсади ноил гардидани KPI ба коркард ва таъмини тақдим барои тасдиқ ба Шӯро:
    дар муҳлати як моҳ — барномаи чорабиниҳои ташкилӣ, ки дар нимаи дуюми соли 2020 амалӣ карда мешаванд;
    ҳар сол то 1 декабр — барномаи чорабиниҳои ташкилӣ, ки дар соли оянда татбиқ карда мешаванд.
    Дар барномаҳои мазкур коркарди пешниҳодҳои амалӣ, ки барои инъикоси ниш

ондодҳои зарурӣ дар эълони навбатии рейтинг ва индексҳои байналмилалӣ нигаронда шудаанд, инчунин механизмҳои ҳамкории мутақобила бо созмонҳое, ки рейтинг ва индексҳои байналмилалӣ ва манбаъҳои иттилоотро, ки ҳангоми таҳияи онҳо истифода мешаванд, нашр менамоянд, ба назар гирифта шаванд.

  1. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он роҳбарони аввали мақомоти масъули давлатӣ бинобар ҷамъбасти ҳар семоҳа:
    то санаи 15-уми моҳи оянда –  ба мақомоти кории Шӯро дар бораи ислоҳоти дар кишвар татбиқшаванда бо маълумоти зарурии оморӣ ва маводҳои дигар маълумот пешниҳод менамояд;
    то санаи 30-юми моҳи оянда –дар бораи чораҳое, ки барои ба даст овардани KPI дар рейтинг ва индексҳои дахлдори байналмилалӣ дар ҷаласаҳои Шӯро, ки таҳти роҳбарии раис ё муовини ӯ гузаронида мешаванд, ҳисобот медиҳанд.
  2. Ба зиммаи  Комиссияи ҳамоҳангсозии кор бо рейтингҳо ва индексҳои афзалиятноки байналмилалӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 7 марти соли 2019 № ФП — 5687 таъсис ёфтааст, вазифаи мусоидат дар ташкили фаъолияти Шӯро ва ҳамоҳангсозии кори мақомоти давлатӣ, ки барои самти дахлдор  масъул мебошанд, дар давраи байни  ҷамъомадҳои Шӯро гузошта шавад.
  3. Мақомоти дахлдори давлатӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ мунтазам ба мақомоти кории Шӯро дар бораи корҳои оид ба рейтинг ва индексҳои дахлдори байналмилалӣ анҷомдодашуда маълумот тақдим намоянд.
  4. Нақшаи чорабиниҳо оид ба инъикоси мавқеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Индекси  ҷаҳонии рақобатпазирии ҷаҳонии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мувофиқи замимаи № 4 тасдиқ карда шавад.
  5. Дар сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи шумораи ниҳоии кормандони идоракунӣ ва фонди музди меҳнати мақомот ва муассисаҳои  адлия Раёсати оид ба кор  бо рейтингҳои байналмилалӣ ва индексҳо бо шумораи 6 воҳиди штатӣ  таъсис дода шавад.
    Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тӯли як моҳ бо мутахассисони баландихтисос пурра гардондани ҳайати ин раёсатро таъмин намояд.
  6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор то 1 октябри соли 2020 дар шабакаи Интернет ба кор даровардани  Портали ягонаи «Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рейтингҳои байналмилалӣ»-ро (минбаъд — портал) таъмин намояд.
    Мақомоти кории Шӯро якҷоя бо Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои кори муназзам ва навсозии ин портал масъул муайян карда шаванд.
  7. Агентии ахбор  ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо мақомоти масъули давлатӣ ба таври доимӣ корҳои доманадори таблиғотиро бо мақсади инъикоси моҳият ва мундариҷаи сиёсати давлатӣ, ки ислоҳот ва дигаргуниҳои ҳаёти давлат ва ҷамъиятро пешбинӣ карда, дар рейтингҳои байналмилалӣ, индексҳо ва нишондиҳандаҳои сохтории онҳо баҳо дода мешаванд, инчунин барқарор намудани назорати ҷамъиятиро дар ин самт амалӣ намояд.
  8. Ба баъзе санадҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи № 5 тағйироту иловаҳо дохил карда шаванд.
  9. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи  Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ж. А. Кӯчқоров гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон     Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
2 июни соли 2020.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ