Дар Самарқанд барои гузоштани ҳисобкунакҳои » ақлнок» — и гази табиӣ 23 бригадаро ҷалб карданд

Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 9- ӯми июли соли 2019 » Дар бораи чораҳои таъмини барқарори иқтисодиёт ва аҳолӣ бо манбааҳои энергия,беҳдошти молиявӣ ва такмили сохтори идораи саноати нефт ва газ» то охири соли 2021 барои ҳамаи тоифаҳои истеъмолчиён сохтори идораи автоматикӣ ва ба ҳисоб гирифтани гази табиӣ ҷорӣ карда мешавадҲоло дар вилояти Самарқанд низ мувофиқи нақша корҳои амалӣ сар шуданд.Аз ҷумла,сарфи назар аз даври пандемияи коронавирус дар шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақурғон гузоштани ҳисобкунакҳои » ақлнок» — и газӣ давом дорад.Дар ҷараёни мазкур шӯъбаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии ҶММ » Ҳудудгаз Самарқанд» 23 — то бригада ташкил карданд.Ҳоло дар маҳаллаҳои Тӯрон, Боғисарой ва Сайқали шаҳри Самарқанд ва маҳаллаи Яккабоғи шаҳри Каттақурғон ҷараёни иваз кардани ҳисобкунакҳои газӣ давом дорад.

Ҳисобкунакҳои » ақлнок» — ро ҶС «Ҳудудгазтаъминот»бемузд мегузорад.Ба ҳисобкунакҳои мазкур расондани хизмат ва хароҷотҳои бо он вобаста ( гузоштан,кушодан,санҷиш ва таъмир ) дар зимаи корхонаи таъминоти газ буда, истеъмолчӣ танҳо барои соз нигоҳ доштани ҳисобкунак масъул аст,- гуфт сардори хизмати ҷорӣ кардани сохтори назорати автоматикии ҳисоби гази табиӣ Сиддиқ Худойбердиев. — Муддати санҷиши даврии ҳисобкунак даҳ сол мебошад.Бояд алоҳида қайд кард, ки бо гузоштани ҳисобкунакҳои гази табиӣ миҷоз дар амал танҳо барои гази табиии истеъмолшуда пул медиҳад.Ҳамаи хароҷот, аз ҷумла таъмир ва аз санҷиши давлатӣ гузарондани ҳисобкунак низ аз ҳисоби маблағи ташкилоти таъминоти газ гузаронда мешавад.Ба вилояти Самарқанд алҳол 6923 — то ҳисобкунаки » ақлнок» овардаанд.Ҳоло онҳоро ба хонадонҳои аҳолӣ мегузаронанд.Корхона барои зиёд кардани самаранокии кор пайвандчиҳоро дар асоси шартнома ба кор ҷалб мекунад.

Хизмати матбуоти ҶММ » Ҳудудгаз Самарқанд»

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ