Шифокорони италиягӣ: Коронавирус сояест, ки моро таъқиб мекунад

Шифокорони италиягӣ: Коронавирус сояест, ки моро таъқиб мекунад
  • Post category:Саломатӣ


«- Бемории COVID-19 ба мутатсия дучор шуда, хосиятҳои аслии худро гум ва заиф шудааст»- гуфт роҳбари яке аз шифохонаҳои Милан Алберто Зангрилё. Ҳамкасбони ӯ шифокорони беморхонаи Генуя, шаҳри дигари Италия низ нуқтаи назари ӯро дастгирӣ карданд. Тибқи маълумоти таҳлилӣ, таъсири вирус ба натиҷаҳои санҷиш дар даҳ рӯзи охир ба даст омада «хеле паст» аст. Ин маънои онро дорад, ки нишонаҳои бемор он қадар хатарнок нестанд.
Мутахассисон эътироф намуданд, ки ҳоло ҳолатҳои сироятёбии вирус аз ду моҳ пеш ба куллӣ фарқ мекунад. Рӯзҳои охир дар Италия танҳо «355» ҳолати нав ба қайд гирифта шуд.
Роҳбари илмии муассисаи давлатии Донишкадаи санҷиши илмии ваксинаҳо ва хунобаҳои ба номи Мечникови Россия Виталий Зверев, изҳор канд, ки рӯзҳои охир ингуна баёнотҳо бисёр шуда истодаанд.
“Коронавирус дар айни замон аломатҳои зиёдеро нишон намедиҳад ва ё табиати ҳалиме дорад. Воқеан, ин беморӣ то ҳол аз байни мардум нарафтааст ва ҳанӯз моро таъқиб мекунад. Дуруст аст, ки COVID-19 раванди мутацияро мегузарад, аммо намоён намешавад. Яъне, вақте ин вирус ба баъзеи одамон сироят мекунад, ҳеҷ гоҳ ба сатҳе нарасад, ки ин бемориро ба вуҷуд наорад.
Албатта, он пневмония ё вайрон шудани гардиши хунро ба вуҷуд меорад. Бояд иқрор шуд, ки дар аввал ҳама ба воҳима афтоданд, аммо дар мобайни пандемия маълум шуд, ки сатҳи марг он қадар баланд нест»- мегӯянд коршиносон.
Инчунин қайд гардидааст, ки дар Италия аксар беморонеро, ки дар ҳолати вазнин ба беморхонаҳо оварда шудаанд, аз санҷиш гузарониданд. Аз ин рӯ, сатҳи фавт дар кишвар нисбатан баланд аст, яъне 7 фоизро ташкил мекунад.

Одатан, беморӣ дар 10 фоизи ҳамаи беморон шадид аст ва тақрибан 1 фоизи онҳо вафот мекунанд.
Инчунин, «- Фикр мекунам, ки то поёни пандемия, шумораи марг аз COVID-19 аз даҳ як ҳиссаро ташкил медиҳад. Ҳолатҳои нав чӣ қадаре ки одамон вирусро сироят мекунанд, ҳамон қадар муайян мегардад», гуфтааст Виталий Зверев.
Дар ин бора, дар рӯзномаи “Daily Mail” хабар дода шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ