Ҷамъомади Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ тавассути видеоконфронс баргузор гардид

Ҷамъомади Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ тавассути видеоконфронс баргузор гардид

  • Post category:Ҷаҳон

3-4 июн ҷаласаи 51-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои узви ИДМ тариқи видеоконфронс баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ҳисоботи роҳбарони сохторҳои зиддиинҳисории кишварҳои ИДМ ва муҳокимарониҳо оид ба натиҷаи иҷрои қарорҳои қабулгардида дар ҷаласаи 50-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ шунида шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласа роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои узви ИДМ ба вазъияти мавҷудаи паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ва таъсири он ба иқтисодиёт, аз ҷумла раванди истеҳсоли молу маҳсулот, иҷрои кору хизматрасонӣ ва фаровонии маҳсулот, ки ба тағйирёбии нархҳо таъсири асосӣ мерасонад, дахл намуданд.
Дар ҷаласа махсусан мавзӯъҳои ҳимояи рақобат дар бозори маҳсулоти аз назари иҷтимоӣ муҳими истеъмолкунандагон, коркарди нақшаи чорабиниҳои якҷояи рафъи оқибатҳои манфӣ ба иқтисодиёти кишварҳои узв аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси намуди COVID-19, гузаронидани тадқиқот дар бозори таҷҳизоти тиббӣ ва маводи доруворӣ, табодули таҷриба дар самти рушди савдои интернетӣ ва механизми бақайдгирии ҳисоббарии он, ҳолат ва дурнамои хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ ва бозорҳои биржавӣ мавриди баҳсу баррасӣ ва барномарезӣ қарор гирифтанд.
Роҳбарони мақомоти зиддиинҳисорӣ вобаста ба вазъияти кунунӣ ва шаклгирии муносибатҳои нави иқтисодӣ нақшаи чорабиниҳои муштаракро, ки ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишварҳои узв, халалдор нагардидани муносибатҳои тиҷоратӣ, рушди рақобати солим ва пешгирӣ аз суиистифода аз вазъияти ба миёномада дар бозори мол равона гардидааст, таҳия ва қабул намуданд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки пайдоиши COVID-19 дар аксари кишварҳои узв назми муқаррарии бозори фурӯши бархе аз маҳсулотро тағйир дода, ба камчинии воқеии чанде аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи доруворӣ оварда расонид.
Дар баъзе ҳолатҳо ба вуҷуд овардани камчинии сунъӣ ва беасос баланд бардоштани нарх ба таври яксон дар ҳамаи кишварҳои узв ба мушоҳида расид, ки он дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф карда шуд.
Ҳуҷҷати дар интиҳои ҷаласаи Шӯро қабулгардида барои тақвияту бароҳмонии ҳамкории зич байни мақомоти соҳаи зиддиинҳисорӣ, мубодилаи маълумот оид ба вазъияти бозори истеъмолӣ ва таъсиррасонии фаврӣ ба муътадил гардонидани нархҳо мусоидат менамояд.
Дар видеоконфронс роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории Хадамоти федералии зиддиинҳисори Россия, Вазорати танзими зиддиинҳисорӣ ва савдои Ҷумҳурии Беларус, мақомоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Арманистон иштирок намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ