Ба муносибати 50-солагии адиб ва журналисти Асадуллоҳ Шукуров Боғбоне аз чорбоғи сухан

Ба муносибати 50-солагии адиб ва журналисти Асадуллоҳ Шукуров Боғбоне аз чорбоғи сухан
  • Post category:Фарҳанг

Инсон сайёраеро мемонад, ки дар мадори ҳастӣ ҳаракат намуда, батадриҷ равиш ва ҳадафҳои зиндагиашро муайян мекунад. Рӯзноманигори моҳир, шоири хушгуфтор, муҳаррири нозукбину донишманд ва адиби маъруфи мо Асадуллоҳ Шукуров аз ҷумлаи ҳамин гуна инсонҳои шариф ва боиззат аст, ки бо заҳмат ва фидокорӣ ҷойгоҳашро дар ҷомеа устувор сохтааст.
Асадуллоҳ Шукуровро рӯзгор қаламзан ва омӯзгор офарид. Ӯро, ки ба тасодуф дар ин ҷода гом барнадоштааст, саводи комил, таҷрибаву малака ва истеъдоду маҳорат комёб намуд. Шукурзода зодаву парвардаи деҳаи Кенгузари воҳаи Сурхон буда, дар фазои илму адаби ин маскан пешқадам ва дастболост. Шоирест ҳассос, ки шеърҳояш дар заминаи мушоҳидаҳо ва таассуроти бевоситаи шоиронааш рӯи коғаз омадаанд ва диди хоси бадеӣ ва натиҷагириҳояшро аз воқеият собит месозанд. Зикри номаш дар чандин баёзи шеър аз қабили “Боғи бисёрдарахт”, “Армуғони Самарқанд”, китоби “Форсисароёни Ӯзбекистон” омада ва нашри чандин маҷмӯаи шеъриаш ҳамчун “Атри ваҳдат”, “Намозгоҳи хуршед”, “Ашки ошиқ”, “Чорбоғ”, “Гулбӯсаи ишқ” аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ дар майдони шеъру адаби тоҷикии Ӯзбекистон барои пайдо кардани ҷойгоҳ ва номи хеш сахт талош меварзад.
Фаъолияти эҷодии шоир бо кори рӯзноманигории ӯ пайвастагӣ дорад, зоҳиран, ӯ қалами худро дар ҷараёни суфтани дурри маънӣ дар рӯзнома обутоб додааст. Бардошти Асадуллоҳ аз ҳодисаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ташаккули афкори ҷамъиятиву адабии ӯ муассир буда, ба туфайли дар ҷараёни солҳои тӯлонӣ дар идораи телевизион дар Самарқанд, рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуне амсоли “Сариосиё”, “Самарқанд”, “Овози Самарқанд”, “Булбулча”, “Маҳорат” хидмат кардан Асадуллоҳ таҷрибаи зиёд андӯхтааст. Аз ин ҷост, ки биниши рӯзноманигории ӯ дар ташаккули диди шоиронааш беасар намондааст. Тамойили содагӯӣ ва таваҷҷӯҳ ба масоили иҷтимоӣ дар ашъори ӯ, ба назари мо, бастагӣ ба шуғли журналистии ӯ ҳам дорад. Мароми рӯзноманигорӣ ӯро ба гуфтани дарду ормонҳои миллат ва мардуми кишвар, ситоиши ватан водошта, ба ин тариқ дар ашъораш мавзӯъҳои иҷтимоӣ, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ҷои хоса гирифтаанд, бахусус дар нахустин маҷмӯаҳояш ин хусусият равшан ба назар мерасад. Шоир дар шеърҳояш ӯ бо ифтихор аз Сурхон, Тӯпаланг, Нилу, Чорбоғ, ки зодгоҳаш ҳастанд, ном мебарад:
Сояи манро тарошиданд аз девори деҳ,
Деҳа холӣ шуд зи шодию даҳонам дар гиреҳ.
Хандаю шӯри ҷавонӣ деҳи дилро тарк гуфт,
Эй Худоё, Чорбоғи кӯдакиямро бидеҳ!

Пораи зер аз як ғазали ӯ таассуроти шоиронаашро аз воқеияти муҳити зиндагӣ ва дору надори мо ифода мекунад, ки арзиши ахлоқӣ дошта, чашми ибратбини хонандаро ба воқеияти муҳит мекушояд. Чанд байтро аз ин ғазал иқтибос мекунем:
Ҷаҳон пурмакру пурнанг аст, медонам!
Замираш сахт чун санг аст, медонам!
Басе меҳнатгурезон гашта соҳибкор,
Сари ин моҳӣ дар чанг аст, медонам!
Шабу рӯзу баланду пастии дунё,
Ба чашми кӯр якранг аст, медонам!
Миёни дӯстону душманон фарқест,
Ки душман дар чӣ оҳанг аст, медонам! …
Шоире, ки аз воқеияти зиндагӣ дарки хоси худро дорад, ба тарзи худ аз онҳо натиҷагирӣ мекунад. Ӯ бо услуб ва равиши ба худ хос, бахусус ҳиссиёти пурҷӯш, хонандаро ба худ ҷалб намуда, ӯро ба андеша водор мекунад.
Эҳсоси воқеият дар таҷрибаи шоирии ӯ ду паҳлӯ дорад: меҳру муҳаббат, ору номус, бадиву некӣ, маргу зиндагӣ, адолату разолат, садоқату хиёнат, худшиносиву дардошноӣ ва ғайра. Ӯ тазодҳои зиндагиро дар ҳамин оинаи идрокаш софкорӣ мекунад. Дар ҷустуҷӯҳояш ҳаётро дар ин оина боадолат таҷассум намуда, гузаштаро чун намунаи ибрат варақ мезанад, ояндаро ҳамеша бо назари нек ва умеду орзуҳои бепоён интизор шуда, дар ин замина ғаномандии мазмун ва таъсиргузории шеърашро таъмин кардааст:
… Рӯдакӣ, Синои дигар,
Мешавад аз нав таваллуд.
Шарқ эҳё мешавад боз,
Бистуяк – асри таҷаддуд.
Бояд қайд намуд, ки масъулияти ҳифзи маънавияти халқ, суннатҳои шоистаи ахлоқии ӯ беш аз ҳама бар дӯши адабиёт, аз ҷумла шоиру нависандагони муосир аст. Асадуллоҳ Шукуров аз қабили суханваронест, ки ин масъулиятро ба хубӣ эҳсос мекунад ва дар ин ҷода устуворона гом мезанад. Ӯ

бақои маънавии халқро дар пос доштани арзишҳои ахлоқӣ медонад. Дар ин роҳи пурмашаққат шоири ҳассос ҳар гуна сифатҳои зишти инсонро аз назаргоҳи ахлоқии халқ маҳкум намудааст. Навиштаҳои ӯ бо сарнавишти таърихии халқ вобастаанд- ҳарфи меҳри ватан, дарди миллат, покии забон аз хомаи ӯ берун мечакад.
Дар симои Асадуллоҳ шоиреро мебинем, баёнгари дарди миллату адолатҷӯ. Ӯ дар нигоштаҳояш бештар бо аслу насли хеш мефахрад, қаҳрамонҳои миллаташро ҳемеша пушту паноҳ ва мушкилкушову ҳамдарди хеш мехонад. Дар баъзе аз шеърҳояш сирати тимсолҳои барҷастаи “Шоҳнома” ба нишони ибрат ва ҳам бо таҳсину тамҷид бознамоӣ мешаванд, ба монанди Ҷамшеди фаррухсиришт, Фаридуни фарзона, Заҳҳоки мордӯшу Дорои фаррухтабор, Золи Дастону Рустами гурд, Афросиёбу Гургин, Баҳману Исфандёр, Нӯшинравони одилу некрой, Шопуру Хусраву Шерӯя. Яъне ин таъкиди шоир барҳақ аст, ки «Шоҳнома» афсона нест, «Шоҳнома» на ривоятнома, ё таърихбофӣ аст, балки номаи накӯи руҳпарварест аз ганҷи бебаҳои хираду донишу ҳунару ҳикмати инсонии аҷдоди фарзонаи мо бо ойину дину қавонини арҷманди башарӣ, ки таскини қалби дардошнои ҳар фарди худшинос аст.
Дар маҷмӯаи “Атри ваҳдат” дар сарсухани худ шоири марҳум Абдуллоҳи Раҳмон чунин мегӯяд: “… азму талоши Асадуллоҳ ба дили кас умед мебахшад, ки дар оянда ҳунари шоирии худро сайқал медиҳад ва ба мақсад мерасад… Агар ба навиштаҳои худ ба дидаи таҳқиқ ва танқид назар кунаду самараи эҷоди худро бо шоҳасарҳои адабиёти пурғановати форсу тоҷик дар тарозуи қиёсӣ гузорад, ҳеч гоҳ аз худ қонеъ нахоҳад шуд ва пайваста ҷустуҷӯ ва такопӯ хоҳад кард, ки суханаш манзури дили хонандагони гиромиқадр гардад.”
Пас аз нашри нахусткитоб, ки ба соли 2003 рост меояд, соли 2004 Асадуллоҳ дар таркиби ҳайати вакилони соҳаи фарҳанги кишвар ба нахустин ҳамоиши форсисароёни ҷаҳон ба Эрон даъват гардида, фурсати дидор, сӯҳбати шоирону адибони ҳамзабонро ба даст овардааст. Ин ҳамоиш ба шоири ҷавон имкони ошноиро бо шеъри нав ва гӯяндагони он падид овардааст. Аз он вақт то ба имрӯз Асадуллоҳ пайваста ба боло бурдани ҳунари худ кӯшиш дорад. Дар баробари он ки асрори шеъри навро меомӯзад, эҳсос мешавад, ки солҳои охир майлаш ба гуфтани ғазал афзудааст. Нашри маҷмӯаи хурди “Гулбӯсаи ишқ” ин андешаро собит мекунад. Аммо таъкиди ин нукта ҷолиб аст, ки дар муҳити адабии Чағониёни кунунӣ гуфтани дубайтиву рубоӣ хеле маъмул аст. Ин пеш аз ҳама ба муҳити ҷуғрофиёиву иҷтимоии ин минтақа, ки қисмати бузургаш кӯҳист, сахт алоқамандӣ дорад. Мардуми Сурхондарё аз пеш дубайтихонону рубоигӯён кишоварзӣ мекарданд, зеро хониши шеъру суруд аламҳоро аз дил бурда, ранҷи меҳнати тоқатфарсоро сабук менамудааст. Агар ба таърихи фолкори мардуми кӯҳистон нигарем, маълум мегардад, ки рубоиву дубайтиҳои халқӣ аксаран хоси мардуми ин минтақа будааст. Пас, табиист, ки дар эҷодиёти шоире, ки муассиси маҳфили “Гули санг” буда, бо намояндагони маҳфили адабии “Амвоҷи Вароруд” дар робита қарор доштааст ва аз шоирони маъруф Равшани Эҳсон, Сулаймони Хоҷаназар, Абдуллоҳи Раҳмон сабақ омӯхтааст, барои дубайтиву рубоиҳо ҷое муайян гардад. Ахиран, Асадуллоҳ маҷмӯи рубоиву дубайтиҳояшро дар “Чорбоғ” гирд овардааст, ки бо забони содаву равон ва оҳанги сабуки худ ба дубайтиву рубоиҳои халқӣ наздикӣ доранд.
Асадуллоҳ Шукуров дар олами шеъру шоирӣ ҷойгаҳи хос дошта, имрӯз беш аз пеш барои рушди илму фарҳанг кӯшишу заҳмати зиёд ба харҷ медиҳад. Чеҳраи комили инсонӣ ва ҳунарии ӯро хонандаи огоҳ метавонад дар паси навиштаҳояш, ки дармонбахши қалби пурэҳсос аст, ба таври ҷомеъ дарёбаду шиносаду арҷгузорӣ кунад.
Шеъри Асадуллоҳ аз назари интиқоди якчанд шоирон ва адабиётшиносон гузашта, маҳсули фикрашон дар мақолаҳои хурд ифода ёфтааст, аммо шеъри ин шоир пажӯҳиши пурвусъатро мехоҳад, то вижагиҳои шеъраш ба андозае мукаммалтар нишон дода шаванд.
Худи Асадуллоҳ дар бори шеърҳояш чунин мегӯяд:
Гули орданд мисраҳоям агар,
Нони он байту шеъру ғазалҳоянд.
Дар танӯри дилам пазад як дам,
Лаззаташ аҳли фазл медонанд.
Дар ҷашни панҷоҳумин солгарди умри азизаш ба шоири гиромӣ Асадуллоҳ Шукуров — шоире, ки аз муғлақгӯиву такаллуфоварӣ парҳез дорад, дар баробари умри саъдиёна салосату балоға

ти шеъри саъдиёнаро низ хоҳонем. Ба ин марди комил, ҳалиму худшинос, намунаи ибрат ва лоиқи ифтихори аҳли диёри саодатёр тани сиҳат ва дар ҷодаи эҷод комёбиҳо таманно дорем.
Дилшоди Фарҳодзод
Сабоҳат Маҷидова
устодони донишгоҳи
давлатии Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ