Президенти Тоҷикистон дар бораи баланд накардани нархи неруи барқ, обва алоқа то охири соли 2020 фармон имзо кард

Президенти Тоҷикистон дар бораи баланд накардани нархи неруи барқ, обва алоқа то охири соли 2020 фармон имзо кард
  • Post category:Ҷаҳон

Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ин кишвар дастур додааст, ки то охири соли 2020 бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархи маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад.
Дар ин бобат фармон имзо гардидааст.
Дар Фармони мазкур омадааст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатии соли 2020 ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо намояд.
Дар баробари ин, бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст ва аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ