Дар Русия маҳдудиятҳои карантин кай бекор карда мешавад?

Дар Русия маҳдудиятҳои карантин кай бекор карда мешавад?

  • Post category:Ҷаҳон

Мири шаҳри Маскав Сергей Собянин дар суҳбат бо шабакаи «Россия» гуфт, ҳамаи чораҳои маҳдудкунанда дар бахшҳои зиндагии бошандагони Маскав то 1-уми июли соли ҷорӣ бардошта хоҳад шуд.
«Марҳила ба марҳила то 1 июл ҳамагуна маҳдудиятҳое, ки имрӯз ҷорӣ аст, бардошта мешавад», — гуфт ӯ.
Ба гуфти Собянин реҷаи бардошта шудани маҳдудияти марҳилавӣ то рӯзи 8 июн маълум мешавад.
Шаҳрдори Маскав мегӯяд, тақрибан пас аз ду-се ҳафта, беморхонаҳои шаҳр ба реҷаи муқаррарии корӣ мегузаранд ва ба беморон хизмат мекунанд. 
Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ояндаи наздик беморхонаҳои касбӣ маризони коронавирусро табобат хоҳанд кард. Дар баробари ин беморхонаҳои муваққатӣ фаъол хоҳанд буд.
Тибқи иттилои ситоди фаврӣ, то 4 июни соли равон дар Русия 441 ҳазор кас гирифтори коронавирус шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ