Дар ҳудудҳои «сабз»-и Самарқанд аз 10-уми июн мавсими солимгардонии тобистонаи бачагона оғоз мегардад

Дар ҳудудҳои «сабз»-и Самарқанд аз 10-уми июн мавсими солимгардонии тобистонаи бачагона оғоз мегардад

Дар Самарқанд аз рӯйи чораву тадбирҳои коркарди ташкили истироҳати бачаҳо ва солимгардонӣ ва амалигардонии онҳо маҷлиси гурӯҳи мувофиқгардонии вилоят баргузор гардид. Қайд гардид, ки аз рӯзи 10-уми июн дар ҳудудҳои «сабз» мавсими истироҳати тобистонаи соли 2020 дар оромгоҳҳои тобистонаи бачагона оғоз мегардад. Муддати солимгардонӣ 12 рӯз муайян гашт. Ба корхона ва ташкилотҳо, ҳокимиятҳои ноҳия ва шаҳрҳо, ки дар тасарруф оромгоҳҳо доранд, якҷоя бо мақомоти хоҷагӣ дар асоси талабҳои дар қоидаҳои карантинӣ нишондодашуда вазифаи хонондани ходимони оромгоҳҳо гузошта шуд. Инчунин, чораҳои баъди санҷидани ҳарорати бадан (аз 36,6 дараҷа боло набудан) ба ҳудуди оромгоҳҳо даровардани одамон дида мешавад. Фаъолияти маҳфилҳо, ки дар оромгоҳҳо ташкил мегарданд, ба назорати ҷудогона гирифта мешавад. Дар маҳфилҳо машғулотҳоро омӯзгор — мутахассисони пуртаҷриба мебаранд. Бачаҳоро бо автобусҳо бо риояи қоидаҳои карантинӣ, бо бастани ниқоб ва даспӯшакҳои тиббӣ мебаранд. Автобусҳоро дар ҳудуди «сурх» нигоҳ дорондан мумкин нест.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ