Истифодаи ниқобҳои тиббӣ чӣ хел самара медиҳад?

Истифодаи ниқобҳои тиббӣ чӣ хел самара медиҳад?

  • Post category:Саломатӣ

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ назари худро нисбат ба ниқобҳои тиббӣ тағйир дод. Созмон ба ҳукуматҳо маслиҳат дод, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани ниқобҳои матогиро маҷбурӣ созанд. Дар ин бора ВВС маълум кард.
Дар оғози пандемия Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таъкид карда буд, ки танҳо гирифторони коронавирус, одамоне, ки бо онҳо дар мулоқот шудаанд ё ки аломатҳои беморӣ дар онҳо аён гардидааст, аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд.
Созмон ба ҳифзи ниқоб аз вирус шубҳа карда, зуд-зуд шустани дастонро маслиҳат дода буд.
Аммо таҳқиқотҳои охарин аз он далолат медиҳанд, ки ниқобҳои тиббӣ дуруст истифода шаванд, аз инфексия босамар ҳифз менамоянд.
Мувофиқи таҳқиқотҳое, ки аз тарафи Созмон гузаронида шуданд, коронавирус пеш аз намоён кардани ягон аломати худ низ ба дигарон сироят карданаш мумкин аст.
Ҳамзамон, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таъкид мекунад, ки танҳо истифодаи ниқоб самара намедиҳад. Бояд ба ҳама чорабиниҳои муҳим амал кард.
«Танҳо ниқоб шуморо аз коронавирус ҳифз карда наметавонад», гуфт сарвари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебреисус.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ