Оё ҳокими вилояти Фарғона аз вазифа барканор шуд?

Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи аз вазифаи ҳокими вилояти Фарғона озод гардидани Шуҳрат Ғаниев, ҳатто ба ҷойи ӯ таъин гардидани дигар нафар хабарҳои гуногун паҳн гардид. Ин хабарҳо беасос буда, аз ҳақиқат дуранд.
Тавре хабар дода будем, рӯзи 5-уми июн Сарвари давлат бо мақсади шиносоӣ бо ҳаёти аҳолӣ, татбиқи ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Фарғона ба вилоят ташриф овард. Имрӯз ҳам ташрифи амалӣ давом дорад.
Дар ҳамин раванд дар сайтҳои ахборӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои дурӯғ ва беасос паҳн гардид. Мо хуб медонем, ки ба соҳаи журналистика чунин мизонҳо мувофиқат намекунад. Афсӯс, баъзеҳо инро гоҳо фаромӯш мекунанд.
Дар бораи воқеаҳои ноҳияи Сӯх низ баъзе воситаҳои ахбори оммавӣ бо сарлавҳаҳои ваҳмангез маълумотҳои нодуруст ва бардурӯғро паҳн карданд.
Аз ин рӯ, дар ҳамватанонамон дар чунин вазъият зарурияти такя ба манбаъҳои эътимодбахш ва расмӣ ба миён меояд.
Хотирнишон мекунем, ки дар ҷамъомади Президенти мамлакат бо фаъолони вилояти Фарғона, ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев ҳам иштирок кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ