Дар Самарқанд ба ҳаво паҳншавии гази заҳрдорро пешгирӣ карданд

Дар Самарқанд ба ҳаво паҳншавии гази заҳрдорро пешгирӣ карданд

Дар вилояти Самарқанд ба паҳншавии гази заҳрдори ба саломатии инсон пурхавф ҳисобидашаванда роҳ надоданд. Дар ин бора Вазорати вазъиятҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар дод. Қайд мегардад, ки соати 18:15-и рӯзи 4-уми июн ба қисми навбатдории Садорати вазъиятҳои фавқулодаи вилояти Самарқанд оиди дар истгоҳи роҳи оҳани «Zarafshon», дар систернаи ба поезди боркаш васлшуда хавфи баромадани гази заҳрдор расидааст. Гурӯҳи сӯхтор-ҳифзкунии садорат ба зудӣ ба ҷойи даъват шуда, бо ёрии техникаҳои махсус хавфи пайдошударо бартараф кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ