Вазорати тандурустии Русия ба истеҳсоли боз як доруи зидди COVID -19 иҷозат дод

Вазорати тандурустии Русия ба истеҳсоли боз як доруи зидди COVID -19 иҷозат дод

  • Post category:Саломатӣ

Вазорати тандурустии Русия боз як доруи зидди COVID -19 -ро, ки аз озмоиш бомуваффақият гузашт, иҷозати ба истеҳсол бароварданро дод.
Ба иттилои манбаъ, «Левилимаб» (номи тиҷоратии «Илсира») пас аз озмоишҳои клиникӣ шаҳодатнома дар бораи сабти ном гирифт.
Вазорат гуфт, ки дору дар беморони гирифтори коронавируси вазнин бисёр муассир аст.
Дору, ки аз ҷониби ширкати биотехнологии Русия «Биокад» таҳия шудааст, дар ибтидо барои табобати артрит истифода мешуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дода буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ