Имрӯз шоир, нависанда, рӯзноманигор ва ношир Асадуллоҳ Шукуров (Исмоилзода) зодрӯз дорад

Имрӯз шоир, нависанда, рӯзноманигор ва ношир Асадуллоҳ Шукуров (Исмоилзода) зодрӯз дорад

Сурӯши дили ватандорӣ

Самарқанд дар ҳар давру замон макони суханварони асил аст. Имрӯз як зумра адибони соҳибқалам аз дастовардҳои Истиқлол илҳомомез бо мавзӯҳои нав ва услуби хоса эҷод мекунанд, китобҳояшон ба зудӣ дастраси хонандагони хушзавқ мегарданд ва интизори таҳқиқу тақдиранд.
Шоир Асадуллоҳ Исмоилзода фарзанди асили деҳаи Чорбоғи ноҳияи Сариосиё буда, дар Самарқанд ба камоли эҷодӣ расидааст, шоири хушгуфтор шинохта шудааст. Ӯро Асадуллоҳи самарқандӣ ҳам меноманд. Ӯ ба арсаи адабиёт охири солҳои ҳаштод ома два сермаҳсул эҷод мекунад. Дар ин муддат чандин маҷмӯаҳои ашъораш чоп шудаанд: «Атри ваҳдат», «Намозгоҳи хуршед», «Осиёи қисмат», «Ашки ошиқ», «Чилбаҳору чил хазон», «Гулбӯсаи ишқ», «Чорбоғ», «Баҳори мактаб». Вай инчунин муаллифи лоиҳа ва мураттиби маҷмӯаҳои мӯъҷази Ҳофизи Шерозӣ «Чил ғазал», Умари Хайём «Сад рубоӣ», Алишери Навоӣ «Гулбоғи Фонӣ», Лоиқ Шералӣ «Армуғон» мебошад. Асадуллоҳ бо тарҷумонӣ низ шуғл дорад, муҳаррири якчанд маҷмӯаҳои адибон аст.
Аснои мутолиаи ашъораш пеши назар симои шахси ватанхоҳ ва инсондӯст, шоири некбин ва ҳиссиёташ болобардор, соҳиби табъи латиф ҷилвагар мешавад. Розу андешаҳояш аз ҳақиқати воқеӣ, набзу равиши давру замон ва ҳаёти имрӯзиён арзи ҳастӣ кардаанд. Шоир Асадуллоҳ намебофад, ғарқи вазну қофиябандӣ намешавад, гуфтораш хаёлӣ ё дурӯғи ростмонанд нест, ҳиссиёте ҳаяҷонаш аз таҳти дао бармеоянд. Аз ин ҷост, ки мутолиаи шеърҳои ӯ барои хонанда душворӣ намеорад, зи мағзи ҷон сухан мегӯяд, лафзаш фаҳмову шевост.
Шодравон устод Лоиқ гуфтааст, ки «Шоирӣ аслан ватандорӣ бувад». Ин гуфтаҳои шоири асилро ба ашъори Асадуллоҳ мансуб донистан равост. Ҳисси ватан дар вуҷуди ин шоир пурзӯр аст. Меҳру муҳаббат ва садоқати беинтиҳои шоир ба Ватан аз кӯраи дили пургудози ӯ фаввора зада падид меоянд:
Эй Ватан, ҷонам Ватан, ҷонам Ватан,
Қиблаи уммеду армонам Ватан.
Мулки озодипарастони баор,
Пораи ҷон, асли имонам Ватан.
Ин сатрҳои шеъри «Ватан»-и ӯ сурӯши дили меҳрангези шоир, садои дили одамони баору сарбаланди рӯзгори моро ифода мекунад. Шоир Ӯзбекистони соҳибистиқлоли имрӯзаро бо ифтихор мулки озоду ободе меномад, ки мардум дар ин мамлакат аз сулҳу амонӣ, ҳамдилию бунёдкорӣ ҳарф мезананд. Ипфҳуми Ватан дар ашъораш бо лафзи дилнишини ситоиши модар – Ватан ва забони модарии «ба ҷону дил баробар» даромехта мантиқан ҳаммаъно садо медиҳанд:
Ин манам фарзанди ту, пайванди ту,
Модари ту, ҳамчу ҷонӣ, эй Ватан…
Ё худ:
Бошад забони модарӣ ба ҷону дил баробар,
Созам агар фаромӯш дар даҳр хору зорам…
Шоир қадршинос аст, ба туфайли панду қиссаҳои модари оилабони фарзона, ки нӯҳ фарзандро зода ба воя расонидааст, забон омӯхтааст, зебоии дунёро фаҳмидааст:
Надорам ман саводу илми дунё,
Тамоми умр онро гашта ҷӯй.
Шунидам қиссаҳои модарамро
Забони ман гардид аз ин гӯё.
Аз ин рӯ:
Касе бошад ватандору ватанхоҳ,
Барои ҳурмати модар бикӯшад.
Шоир инчунин Ватан гуфта дилбастагии худро ба зодгоҳи азизаш – деҳаи хушманзари Чорбоғ, ки як пораи сарзамини Ӯзбекистон аст, айёми бачагиву беғамӣ, рӯди шӯх ва духтарони хубрӯи деҳа, даргоҳи волидайн, устодони аввалини худро ёдовар мешавад («Бодбараки хаёл», «Биҳишти тифлӣ»). Инак, ҳисси ватандори шоир аз кул – Ватани паҳнвар ба ҷузъ – зодгоҳ пайванд шуда, маънои ягона пайдо кардааст. Шоир Ватан гуфта меҳри одамонро ба Ватан бедор кардан мехоҳад, дил ба Ватан додани ӯ дил ба даст овардан аст.
Ҳисси ватандории қаҳрамони лирикӣ васеъ ва доманадор буда, паҳлӯҳои гуногуни ин мафҳумро дар бар мегирад. Аз ин рӯ дар шеърҳои «Мартабаи Шерак» ва «Нидои Сӯҳроб» ривояту достонҳои машҳури қадимро хотиррасон намуда, ба тааннӣ таъкид менамояд, ки адои қарзи Ватан нишони абадияти ҳастии инсони комил ва накӯном аст:
Эй ту фарзанди азизам, ҳар замон,
Панд гир аз ин ривоят бегумон.
Умри худро бахш бар халқу Ватан,
Номи некат монад дар анҷуман.
Қаҳрамони лирикии шоир фарди дилсафед асту ҳиссиёту ҳаяҷони ҷӯшон дорад, дар зиндагӣ бештар паҳлӯҳои зебои онро мебинад, некбину некхоҳ аст. Ин қаҳрамон ба инсон бо чашми меҳрбор назар меандозад, фахр мекунад, ки одамизо

д аз ҳар мавҷудоти олам авлотар аст, «аз ишқи поки одамӣ ва ҷасорати рустамонаи ӯ ҳатто париён дар ҳайрат афтодаанд» (шеъри «Ифтихор»).
Қаҳрамони лирикӣ ба рӯйдодҳои воқеӣ бо дидан боз ва дили бебок нигошта, ҳар он зуҳуротеро ки ба шаъни инсон намезебад, мушоҳида намуда зи сӯзи дил сухан мегӯяд ва он бандаҳои ношукру гумроҳи ба дидан солору дар асл сари холию ковок таассуф мехӯрад ва ҳатто тайёр аст ба «ҷанги тан ба тан» даъват намояд. Мақсаду мароми шоир фаҳмост: ин ҳамон орзую армони пешиниён бувад, ки дунёро софу пурнур ва инсонро пок дидан мехостанд. Чунон ки Ҳофиз мегӯяд: «Пок шав аввалу пас дида ба он пок андоз».
Панду андарз гуфтан ба ҳамаи шоирони давру замонҳо хос аст: ҳам шоири асил, ҳам ношуд. Шавқ агар раҳбар шавад, гуфтор зебо мешавад. Аз ин рӯ дубайтиҳои Асадуллоҳ саршори панду ҳикматанд ва меҳвари марказии он бузургдошти инсон, ганҷи бебаҳо донистани зиндагист. Дар ашъораш бештар мавқеъ пайдо кардани образи шоир ва фаъолии қаҳрамони лирикӣ эҳсос мешавад ва он ба василаи муҳими баёни афкори иҷтимоӣ, софкории ахлоқ, фалсафаи зиндагӣ тобеъ кунонида шудаанд, фарзанди инсонро ба роҳи ҳақ ва ахлоқи ҳамида ҳидоят менамоянд:
Азизон ҳамдилиро пеша созем,
Зи фардои ҷаҳон андеша созем.
Дарахте, ки дигарон мешинонанд,
Чаро мо дастае бар теша созем.
Табиист, ки аснои мутолиаи шеърҳои Асадуллоҳ низ такрори фикр, ифодаҳои бадеии обшуста ба чашм мерасанд, вале аз ин арзиши маънавӣ ва бадеии шеърҳо накостааст. Гуфтугузори муфассал оиди эҷодиёти шоир дар пеш аст. Муҳимтар аз ҳама шеърҳои ӯро хонда дили одам ба зиндагӣ гарм, меҳраш ба одами ранҷбар ва ҳалолкор зиёд, имонаш ба кори ҳақ комил мешавад. Ашъораш дар маҷмӯъ як симфонияи ҳаётхоҳӣ, одамгарӣ ва зебоипарастиро мемонанд.
Мардон ШАРОФОВ,
номзади илми санъатшиносӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ