Имрӯз шоири соҳибистеъдод, нависандаи бомаҳорат, рӯзноманигори соҳибравия, ношири ботаҷриба, мутарҷими боиқтидор Асадулло Шукуров зодрӯз дорад. Ба ин муносибат раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд Акбар Маҳмудов ва сармуҳаррири рӯзномаи»Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ба хонадони Асадуллоҳ Шукуров рафта, соҳибҷашнро бо солгарди умр шодбош гуфтанд ва ниятҳои неки худро изҳор намуданд.

Якҷоя солҳои фаъолиятро дар таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба хотир оварданд. Аз ният ва нақшаҳои оянда сӯҳбат карданд.
Бояд гуфт, ки Асадуллоҳ Шукуров (Исмоилзода) 7-уми июни соли 1970 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё дида ба дунё кушодааст. Солҳои 1977-1987 дар мактаби миёнаи рақами 12-и зодгоҳаш таҳсил намудааст. Асадуллоҳ фаъолиятро аз омӯзгории мактаби рақами 15-и ноҳияи Сариосиё оғоз намуда, солҳои 1988-1990 дар хизмати ҳарбӣ буд. Ӯ соли 1992 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, муҳаррири шӯъбаи тоҷикии рӯзномаи «Сариосиё ҳақиқати» таъин шуд. Соли 2000 ба Самарқанд омад. Чанде муҳаррири телевизиони «Самарқанд-СТВ» буду сипас вазифаи ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд»-ро бар ӯҳда дошт. Солҳои 2006-2008 вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи мактабиён – «Булбулча»-ро иҷро кард. Чанд сол ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Самарқанд» ва сардабири маҷаллаи «Маҳорат» буд. Муддате вазифаи директори маҷмӯаи маънавию маърифатии “Олами китоби Самарқанд”-ро дар дӯш дошт ва чанд сол услубшиноси Маркази таълими Ҷумҳурияти Ӯзбекистон буд. Асадуллоҳи Исмоилзода муаллифи китобҳои шеъру ҳикоёт буда, ҳоло чун сармуҳаррири газетаи “Ёш авлод” ва муҳаррири нашриёти “Ноширлик ёғдуси” фаъолият мебарад ва пайваста бо эҷоду ҷустуҷӯ машғул аст. Узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ