Мо ба Ғарб бисёр тақлид кардаем

Мо ба Ғарб бисёр тақлид кардаем

Ҷойи таассуфу бадбахтию мазаррат аст, вақте неъматҳоро дар олам танҳо иборат аз хурду нӯш мефаҳмем ва меҳвари зиндагиамон бар он қарор мегирад. Ҳамзамон, дар ин ҳол андешаамон, орзуву армонамон низ пойбанди он мегардад. Мисли ин аст, ки дигар дилҳо солим нестанд ва ё ба ин вазъи ногувор ҳеҷ солим намемонанд.
Ин гуна тасаввур, албатта, на танҳо ноҷоиз, балки дуруст низ нест. Чаро? Чунки моро аз ахлоқи олӣ ба тадриҷ дур ва ҳам маҳрум месозад. Равобитамонро аз анъанаву суннатҳои некамон ҳам меканад. Ҷойи баҳс ва ниёз ба ҳеҷ далеле намемонад, ки дар ин сурат моро ҷаҳониён мардуме мехонанд, ки илмашон андак аст. Оё пурсидаем ва ё мепурсем чаро иҷтиноб ва ё дурӣ гузидан аз аъмолу одатҳое, ки ривоҷу густариш ёфта, бар мо басе душвор аст? Не. Посухе дигар надорем. Чунин як посух вуҷуд дорад, вале мо бар он наандешидаем, зеро онро як амри зарурӣ дар рӯзгорамон ба шумор намеорем. Ҳол он ки бисёр муҳим аст, хоса барои миллати мо, ки қадиму мутамаддин мебошаду дар ин хусус бисёр мегӯему мешунавем. Ин масъала, ки ба ахлоқи миллӣ ва динӣ иртибот мегирад, ҳаргиз аз масъалаҳои хурд маҳсуб намешавад.
Дуруст аст, ки вақте кулли муҳит ва атроф амалу одати ғайри солеҳро хуш мепазирад ва дар мавриди зарараш намеандешад, тарки он пур мушкил аст. Ҳатто агар нафаре аз рӯи дарёфти ҳақиқат ва дилсӯзӣ ба миллат аз он ба хотири ислоҳи вазъ сухан бигӯяд, ё масъаларо хурд мегиранд ва ё ӯро сода мешуморанд. Яъне, гӯиё пешрафту тараққиёт ва аз он андешидан фурсате ба ҳалли ин гуна масъалаи хурд намедиҳад. Чӣ гуна меандешем? Чӣ гуна мебинем?! Чӣ гуна посух медиҳем?
Сухан аз салом ва бо чеҳраи кушодаву лабханди зебову ширин нигаристан ба одамон аст. Ба муҳиту атроф, ки менигарӣ, мисли ин аст, ки ҳама чеҳраҳо ғамгину табъҳо гирифтаанд. Ба касе агар ҳам муроҷиат мекунӣ, мехоҳӣ ба пурсишат ҷавоб биёбӣ, боре андуҳу норизоиро аз чеҳраву нигоҳаш дур намекунад. Агар ниёзманд бошӣ, бо ту чун қарздори садсола сухан мегӯяду муносибат мекунад. Саломи ту барояш ҳеҷ арзиш надорад. Ё посух намегӯяд ва ё он гуна мегӯяд, ки дилат аз саломи додаат мемонад. Ҳатман мепиндорад, ки ту аз рӯи зарурат ба ӯ салом додаӣ.
Ҳамсояҳо низ агар ҳам аз аҳволат ҳеҷ намехоҳанд бипурсанд, саломро ҳам мисли ин ки аз ёд бурдаанд.
Аксар ба ном таҳлилгарону коршиносон ва адибон низ ин ҳақиқатро хуш пазируфтаанду ба пешрафти замону тараққиёти ҷаҳон нисбаташ додаанд. «Муҳим кор аст ва мардум дар андешаи рӯзгор аст»,- мегӯянд онҳо. Чаро намегӯянд дар ахлоқу имону дилҳову фаҳмишҳоямон нуқсону бемориҳо роҳ ёфтаанд? Магар на моро муҳаббати мол ва талаби иззату мақом парда бар рӯ кашидааст?
Агар ҳар гуна посухҳои нодурустро ҷӯё мешавем ва худро ҳақ вонамуд мекунем, набояд ҳақиқатро пушти по бизанем. Дину фарҳанги волоямон мақоми инсонро дуруст муайян карда ва нишон додааст. Ӯ, яъне, инсон, ашрафи махлуқот мебошад ва дар беҳтарин сурат офарида шудааст. Абру боду маҳу хуршеди фалак, ба қавли Саъдии Шерозӣ, барои ӯ дар коранд, дар хидматанд. Ҳама китобҳои адибони асилу ростинамон дар ин дарозои таърих ҳидоятгари инсонҳо ба роҳи рост ва қоил шудану эҳтиром гузоштан ба арзишҳои воло буданду ҳастанд. Аз ин рӯ, ин миллатро дар ҳеҷ давре маҳв карда натавонистанд, баръакс бар он такя карданд, то худ устувор бишаванду ҳамеша пойдор бошанд.
Ҳолиё дар Ғарб беҳтарин анъанаву суннатҳои миллию динии мо роиҷ ва густариш ёфтааст. Онҳоро сабаби хушбахтии инсон дарёфтаанду ташвиқу тарғиб мекунанд. Оре, бо ин ки имрӯз нисбат ба мо пешрафтатаранд ва бештар тараққӣ кардаанд. Пас аз чанд сол ба ин ҳолу муносибате, ки дорем, ҷаҳониён ин ҳамаро чун моли асосии ғарбиён мепазиранд. Васоити бинишу фаҳмишу баҳои дуруст додан имрӯз зиёд аст. Дар хориҷи кишвар, хоса Ғарб, ҳама бар ҳамдигар, агар ҳам мешиносанд ва агар ҳам не, салом медиҳанд. Дар ин ҳол лабханди зебову ширин мезананд. Чеҳраҳо кушодаву табъҳо шоданд. Ин корҳо барои ҳеҷ нафаре душвор нест, чунки кулли муҳиту атроф бар ин амри нек ба шодмонӣ ва ризоят пойбанданд. Дар мо имрӯз агар як саломе мешунавӣ, самимӣ нест ва ҳам бетамаъ, ҳатто саломи дӯст. Аз ин рӯ, мақоли «саломи дӯст бе тамаъ нест» ба вуҷуд омадааст.
Ва ё:
Як

саломе нашнавӣ аз аҳли дин,
Ки нагирад охири он остин.
Мо ба Ғарб бисёр тақлид кардаем. Биёед, ин бор ҳам, агар аз иҷрову пойдории беҳтарин анъанаву суннати милливу диниамон шарм медорем, ҳарчанд набояд чунин бошад, дар ин маврид тақлид бинамоем. Беҳтарин ва безарартарин тақлид аст. Чӣ андеша доред?! Чӣ мегӯед?!
Абдулқодири РАҲИМ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ