16 нафар шифокорони Полша бо мақсади кӯмак дар таботати беморони коронавирус ба Тоҷикистон омаданд

16 нафар шифокорони Полша бо мақсади кӯмак дар таботати беморони коронавирус ба Тоҷикистон омаданд

  • Post category:Ҷаҳон

Дирӯз гурӯҳи табибони Полшаро, ки аз 16 нафар иборатанд, бо мақсади кӯмак дар таботати беморони коронавирус ва омӯзиши таҷриба ба шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳамчунин, онҳоро дар ин сафар се нафар коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ҳамроҳӣ доранд.
Дар назар аст, ки гурӯҳи табибони Полша ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.
 Қаблан гурӯҳи мутахассисони соҳаи тандурустии Чин  дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсӣ ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии  COVID-19 ба Тоҷикистон омада буданд.  Аз ин пештар бошад, Ӯзбекистон гуруҳи мутахассисони соҳаи тибро, ки асосан вирусологҳо буданд, барои кумак дар пешгирии бемории коронавирус ба Тоҷикистон фиристода буд.
Тибқи маълумоти охири Вазорати тандурустии ин кишвар, то соати 18:00 дақиқаи 7 июн  дар Тоҷикистон 4529 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидааст. Аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2673 (59%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.
Шабонарӯзи гузашта 76 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор шуда, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст. То имрӯз дар ин мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ