Конор Макгрегор: Ман қарор кардам, ки фаъолияти варзишиамро хотима бахшам

Конор Макгрегор: Ман қарор кардам, ки фаъолияти варзишиамро хотима бахшам
  • Post category:Ҷаҳон

Размикори муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук Конор Макгрегор бори дигар аз хотимаи фаъолияти варзишӣ гуфт.
«Ман қарор кардам, ки фаъолияти варзишиамро хотима бахшам. Ташаккур ба ҳама барои хотираҳои хуб! Ин роҳи пуршараф буд!», — навиштааст Макгрегор дар саҳифааш дар Twitter.
Дар шарҳи ин хабар ҳамчунин акси Конор бо модараш дарҷ гардидааст. Чуноне худи Конор гуфтааст, ин акс пас аз яке аз рақобатҳо дар Лас — Вегас бардошта шудааст.
Варзишкори ирландӣ пештар ҳам аз хотимаи фаъолияташ гуфта буд. 
Нахустин бор ӯ моҳи апрели соли 2016 эълон карда буд, ки фаъолияти варзишиашро хотима мебахшад.
Бори охир варзишкори ирландӣ моҳи марти соли 2019 аз ринг рафта буду, пас аз даҳ рӯз боз баргашт.
Макгрегор дар UFC нахустин варзишкоре шуд, ки якбора дар ду вазн — сабук ва миёнаи сабук қаҳрамон шуд.
Пас аз чанде Конор Макгрегор миёнбанди қаҳрамониаш дар вазни миёнаи сабукро аз даст дод ва 6 октябри соли 2018 дар муҳориба бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз унвони қаҳрамонии худ дар вазни сабук маҳрум шуд.
Дар давоми фаъолияти варзишӣ Макгрегор 26 бор ба ринг баромада, 22 маротиба пирӯз шудааст ва чор бор мағлуб гардидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ